Дар Ҳисор ба истиқболи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон маҳфил-озмуни базми ғазал баргузор мегардад

Май 8, 2022 10:46

ДУШАНБЕ, 08.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мешавад, миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва хонандагони синфҳои болоии мактаби президентӣ дар шаҳр ва литсею гимназияҳои ҳудуди шаҳри Ҳисор таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар шинохти осори миллӣ” маҳфил-озмуни базми ғазал баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр.

Ёдовар мешавем, ки маҳфил-озмун дар ду давр гузаронида мешавад. Даври якум дар доираи муассисаҳои таълимӣ аз 6 то 18 май гузаронида шуда, ташкилкунандаи маҳфил-озмун ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои заруриро барои иштирок дар он ба роҳ монда, аз миёни довталабон ғолибони ҷойи якумро барои иштирок дар даври дуюм пешниҳод менамояд. Даври дуюми маҳфил-озмун барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври якум 21 май баргузор мегардад.

Маҳфил-озмун бо мақсади таҳкими арзишҳои маънавию фарҳангӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ миёни ҷавонон, талқини ҷавонон барои сухан гуфтан бо забони ноби адабии тоҷикӣ, муаррифии забони тоҷикӣ ба ҷаҳониён ҳамчун забони қадимии олам ва эҳё намудани арзишҳои неки ниёгон доир мешавад.

Ғолибони маҳфил-озмун бо туҳфаҳо ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор қадршиносӣ карда мешаванд.

Акс: КИ ҲХДТ

Май 8, 2022 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд