Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд

Ноябрь 3, 2026 16:42

ДУШАНБЕ, 03.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Абераи мутафаккири бузурги миллати тоҷик Аҳмади Дониш — Одил Дониш, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуда, аз таъриху тамаддуни миллати тоҷик огоҳ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин осорхона.

Зимни сайри осорхонавӣ Одил Дониш аз толорҳои намоишии осорхона дидан намуда, бо нигораҳои нодир, бозёфтҳои арзишманди бостоншиносӣ, намунаҳои барҷастаи мероси таърихию фарҳангӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар ёдгориҳои моддию маънавии халқи тоҷик шинос шуд. Экспозитсияи осорхона имконият фароҳам овард, ки меҳмонон бо марҳилаҳои муҳими таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик, раванди ташаккули давлатдорӣ ва дастовардҳои фарҳангии ниёгон аз наздик ошно гарданд.

Одил Дониш ҳамзамон бо осори илмӣ, таърихӣ ва маводи марбут ба ҳаёт, фаъолияти илмию адабӣ ва мероси гаронбаҳои мутафаккири бузурги тоҷик Аҳмади Дониш шинос гардид.

Зимни муаррифӣ оид ба мақоми таърихии Аҳмади Дониш дар рушди афкори иҷтимоию сиёсӣ, илм, маориф ва адабиёти тоҷик, инчунин саҳми арзишманди ӯ дар ташаккули андешаи маорифпарварӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Дар ҷараёни сайри осорхонавӣ ба меҳмонон инчунин оид ба таърихи пайдоиш, хусусият ва аҳамияти таърихию илмии нигораҳо, марҳилаҳои асосии ташаккул ва рушди тамаддуни тоҷикон маълумот дода шуд.

Дар анҷом Одил Дониш таассуроташро дар Китоби меҳмонони фахрии Осорхонаи миллӣ сабт намуд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Ноябрь 3, 2026 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд