Дар Истанбул иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Саммити XXV иқтисодии кишварҳои Авруосиё баррасӣ гардид

Май 7, 2022 09:33

ДУШАНБЕ, 07.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Консули генералии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул Мурод Саидзода бо Президенти Фонди тадқиқоти стратегӣ ва иҷтимоии Мармара доктор Аккан Сувер мулоқот намуд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Манижа МАҚСУД бо истинод ба консулгарӣ иттилоъ медиҳад.

Зимни мулоқот мавзӯи баргузории Саммити XXV иқтисодии кишварҳои Авруосиё, ки 7-9 июни соли 2022 дар Истанбул дар назар аст ва иштироки ҳайати Тоҷикистон дар он мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Фонди тадқиқоти стратегӣ ва иҷтимоии Мармара ҳамчун ташкилоти мустақил соли 1985 таъсис ёфта, мақсади асосиаш муайян намудани роҳҳои ҳалли мушкилоти иқтисодӣ, амниятӣ ва ичтимоии кишварҳо тариқи барпо намудани вохӯрӣ, машварат ва конфронсҳо мебошад.

АКС: Консулгарии генералии ҶТ дар шаҳри Истанбул

Май 7, 2022 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад