Дар Москва ҷаласаи сарони кишварҳои узви СААД бахшида ба 30-умин солгарди таъсиси Созмон доир мегардад
ДУШАНБЕ, 14.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи душанбе, 16 май дар шаҳри Москва баргузории ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) бахшида ба 30-умин солгарди таъсиси Созмон дар назар аст. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора ТАСС бо истинод ба Хадамоти матбуоти Кремл хабар додааст.
Бино ба гуфтаи котиби матбуоти Президенти Русия Дмитрий Песков, ба ҷуз аз ҷаласаи умумӣ, мулоқоти алоҳидаи сарони давлатҳо дар сиғаи субҳонаи корӣ баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, ки дар ҷаласаи мазкур ҳамаи сарони кишварҳои узви СААД — Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров иштирок мекунанд.
Тавре интизор меравад, аъзои Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД вазъ дар минтақаи зери масъулияти созмон ва дурнамои рушди онро баррасӣ намуда, бахшида ба солгарди таъсиси СААД изҳорот қабул мекунанд.
Ба гуфтаи Дмитрий Песков, интизор меравад, ки аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа Дабири кулли Созмон Станислав Зас ва Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, ки имсол раёсат дар созмонро бар уҳда дорад, ба хабарнигорон иттилоъ диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки ба СААД Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомил мебошанд. Созмон 15 майи соли 1992 бо имзои Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар Тошканд (Узбекистон) таъсис ёфт. Шӯрои амнияти дастҷамъӣ мақоми олии СААД буда, ба а он сарони давлатҳо — аъзои Созмон дохил мебошанд.
АКС: хадамоти матбуоти СААД








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






