Дар муассисаҳои таҳсилотии ноҳияи Восеъ машваратҳои таълимӣ ҷараён доранд

Май 15, 2022 09:29

ВОСЕЪ, 15.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади расонидани ёрии методӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, салоҳиятнокӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, иҷрои барномаҳои таълимӣ, тақвият бахшидан дар таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҷалби ҳарчи бештари хонандагон ба маҳфилҳои фаннӣ ва касбияти омӯзгорон ва рушди корҳои ободонӣ шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ дар муассисаҳои таълимӣ машварат гузаронида истодааст, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА.

Тавре сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ Маҳмадулло Маҳмадиев иттилоъ дод, чунин машварат дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 баргузор гардид. Роҳбарияти шуъбаи маориф ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия аз тарзи ҳуҷҷатгузорӣ, тартиби рӯйхатҳо, дастурҳои методии вобаста ба фанҳои гуногун ва намоишгоҳи ҳунарҳои дастии омӯзгорону хонандагон дидан карданд.

Дар муассиса омӯзгорон дар 14 синфхона дарсҳои кушодро бо усули нави таълим ба роҳ монданд. Ҳангоми гузаронидани дарсҳо аз асбоби аёнӣ, адабиёти соҳавӣ ва техникаи муосири таълимӣ ба таври васеъ истифода бурда шуд. Зимни дарсҳо вобаста ба ихтисос омӯзгорон аз ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуда, бо тарзи дарсгузарии омӯзгорон шинос шуданд. Роҳбарияти шуъбаи маориф низ дар дарсҳо ширкат варзида, бо омӯзгорону хонандагон суҳбат орост.

Дар ин муассиса вобаста ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф ба таълими фанҳои мазкур диққати ҷиддӣ дода мешавад. Роҳандозӣ гардидани чунин тадбирҳост, ки сифати таълиму тарбия беҳтар шуда, иштироки шогирдони ин муассиса дар озмуну олипиадаҳо афзоиш ёфтааст. Дарсҳои омодагии дифои ҳарбӣ дар саҳни муассиса гузаронида шуда, дар маҳфилҳои касбомӯзӣ қисмати зиёди хонандагони синфҳои болои ба омӯзиши дуредгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ машғул мебошанд. Маҳсулоти омодакардаи хонандагон гувоҳи он буд, ки маҳфилҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудаанд.

Мудири шуъбаи маориф зимни ҷамъбасти машварат ба омӯзгорон баҳри боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия ва истифодаи васеи аёният ва техникаи муосири таълимӣ маслиҳатҳои муфид дод. Чунин чорабиниҳо дар дигар муассисаҳои таълимии ноҳия низ гузаронида мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 15, 2022 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд