Дар Рашт ба 80 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд шаҳодатномаи таваллуд тақдим карда шуд
ДУШАНБЕ, 29.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо ташаббуси бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии (САҲШ) ноҳияи Рашт дар ҷамоати шаҳраки Навобод ҳамоиши идонаи фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор гардид, ки дар он ба 80 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд ба таври ройгон шаҳодатномаи таваллуд тақдим гардид, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД.
Дар ҳамоиши мазкур намояндагон, меҳмонон, зиёда аз 200 нафар падарону модарон ва ҷавонону фаъолони ҷамоат иштирок намуданд. Мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Рашт Нилуфар Мирзозода зикр кард, ки кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. «Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад. Аз ин рӯ, Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон 62 сол муқаддам бо қарори Анҷумани Шӯрои федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар даҳҳо кишвари дунё таҷлил гардида буд», — гуфт ӯ.
Инчунин мавсуф илова намуд, ки ин ҷашн ба калонсолон ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши онҳост.
«Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем», — тазаккур дод Нилуфар Мирзозода.
Тибқи иттилои масъулини бахши САҲШ-и ноҳияи мазкур, соли равон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Навобод, Тагоба, Боқӣ Раҳимзода, Нусратулло Махсум ва Аскалон ба зиёда аз 350 нафар кӯдакон оилаҳои камбизоате, ки муҳлати саривақт гирифтани шаҳодатномаи тавалудашон гузаштааст ва волидайни онҳо имконияти супоридани ҳаққи хизматрасонии шаҳодатномаро надоранд, шаҳодатномаи ройгон дода шуд.
АКС: САҲШ-и ноҳияи Рашт








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






