Дар се моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон ба масоҳати 250,4 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта шуданд

Май 5, 2022 16:05

ДУШАНБЕ, 05.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар се моҳи аввали соли равон дар Тоҷикистон ба масоҳати умумии 250,4 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 116,7 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар  Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи  иттилои манбаъ, дар моҳҳои январ-марти соли равон аз рӯи ба истифода додани биноҳои истиқоматӣ вилояти Суғд ҷойи аввалро ишғол мекунад, ки масоҳати манзилҳои ба истифода додашуда 86,1 ҳазор метри мураббаъ ё 34,3 фоизро ташкил медиҳад. Дар ҷойи дуюм вилояти Хатлон бо 81,1 ҳазор метри мураббаъ ё 32,4 фоиз қарор дорад.  Дар Душанбе 41,5 ҳазор метри мураббаъ ё 16,6 фоиз ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 41,7 ҳазор метри мураббаъ ё 16,7 фоиз биноҳо сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Бояд гуфт, ки Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ   сохтмонро яке аз соҳаҳои муҳим дар пешрафти иқтисодии кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум номида, зикр намуданд, ки  танҳо соли 2021 дар кишвар дар ҳаҷми 12,2 миллиард сомонӣ корҳои сохтмону васлгарӣ иҷро гардидаанд, ки нисбат ба соли 2020 20 фоиз зиёд мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки  дар ин муддат ба маблағи беш аз 3,5 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта, 1,2 миллион метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти дигар ба истифода дода шудаанд.

Пешвои миллат супориш доданд, ки Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти марбута ҳангоми таҳия ва татбиқи нақшаҳои генералии шаҳрҳо, шаҳраку деҳоти мамлакат, инчунин  банақшагириву бунёди иншооти иҷтимоиву сайёҳӣ ва дигар биноҳо риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозию  сохтмон, санъати баланди меъморӣ, истифодаи васеи унсурҳои меъмории милливу замонавӣ, технологияҳои муосир ва масолеҳи сифатноки сохтмонро таъмин намоянд.

«Илова бар ин, ҳангоми лоиҳакашӣ зарур аст, ки пеш аз ҳама, сохтмони мактабҳо, боғчаҳои кӯдакон, марказҳои саломатӣ ва дигар инфрасохтори иҷтимоӣ ва коммуникатсионӣ ба нақша гирифта, дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо бунёди ҳатмии биноҳои истиқоматии баландошёна пешбинӣ карда шаванд», — таъкид  намуданд Президенти мамлакат.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 5, 2022 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, молиявӣ ва сармоягузории Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаи сайёҳӣ густариш меёбад
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 946 миллион сомониро ташкил дод
Рушди ҳамкорӣ дар самти заминсозӣ ва кадастри замин баррасӣ гардид
Ҳаҷми гардиши мутақобили мол байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб беш аз 2 баробар афзудааст
Корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон ба маблағи беш аз 5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Агентии рейтингии байналмилалии «Standard & Poor’s» ба дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон баҳои сазовор дод
Ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи нафту газ тақвият меёбад
Гузариш ба гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ қадами муассир дар самти беҳтарнамоии фаъолияти сохторҳои давлатӣ аст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои иттилоотӣ ҳамкорӣ менамоянд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар бахшҳои мошинсозӣ, дорусозӣ ва истихроҷи маъдан густариш медиҳанд