Дар Сербия пирӯзии Александр Вучичро дар интихоботи президентӣ расман эълон карданд

Май 10, 2022 11:49

ДУШАНБЕ, 10.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба маълумоти ниҳоии Комиссияи ҷумҳуриявии интихобот (КМИ), президенти феълии Сербия Александр Вучич дар интихоботи президентӣ пирӯз гардид, хабар медиҳад РИА Новости.

Тавре қаблан иттилоъ расид, натиҷаҳои интихобот 3 апрел маълум шуданд ва рӯзи дигар роҳбари Сербия аллакай пирӯзии худро дар даври аввал эълон намуд. Александр Вучич 58,59 дарсади овозҳоро ба даст овард. Рақиби наздиктарини ӯ — Здравко Поноша — 18,39% овозҳоро соҳиб шуд.

9 май Комиссияи ҷумҳуриявии интихоботи Сербия ҷаласаи кушод баргузор кард, ки дар он натиҷаҳои ниҳоии интихоботи президентӣ бо назардошти баррасии ҳамаи шикоятҳо ва овоздиҳии такрорӣ дар чанд қитъаи интихоботӣ тасдиқ карда шуданд.

ДАР АКС: Александр Вучич. Акс: ТАСС

Май 10, 2022 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Теъдоди осебдидагони таркиш дар маркази савдои Ереван ба 60 нафар расид
Дар сӯхтори калисо дар Миср 41 нафар ҳалок шуданд
Аврупо ва Амрико дар барқарорсозии соҳаи сайёҳӣ пешсафанд
Ҳамарӯза дар ИМА то 400 нафар бар асари коронавирус мефавтанд
Дар Қазоқистон шабонарӯзи гузашта 2661 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд
Ӯ 94 СОЛ ДОШТ. Собиқ президенти Филиппин Фидел Валдес Рамос аз олам даргузашт
Шветсия аз 1 сентябр ҳаракати велосипедҳои барқиро дар роҳҳои пиёдагард манъ мекунад
Зиёда аз 300 шаҳрванди хориҷиро аз Қазоқистон ихроҷ намуданд
Теъдоди қурбониёни селу обхезӣ дар Покистон ба 312 нафар расид
Дар Кувайт сарвазири нав таъйин намуданд
ДРАУПАДИ МУРМУ ПРЕЗИДЕНТИ НАВИ ҲИНДУСТОН ИНТИХОБ ГАРДИД. Вай 18 июл дар интихоботи президентӣ бештари овозҳоро ба даст овард
Дар мубориза барои курсии сарвазири Британия ду номзад боқӣ мондаанд

Маводҳои таҳлилӣ