Дар шаҳри Хоруғ анбори маҳсулоти ғайриозуқаворӣ ифтитоҳ шуд
ДУШАНБЕ, 17.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 май дар шаҳри Хоруғ маросими ифтитоҳи анбори маҳсулоти ғайриозуқаворӣ барои аҳолие, ки дар ноҳияҳои сарҳадии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиндагӣ мекунанд ва эҳтимол дар офатҳои табиӣ зарар бинанд, доир шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.
Дар маросими ифтитоҳ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода, ҳамчунин Намояндаи доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ленни Монтиел, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошихиро Аики, раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот, раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода, роҳбарон ва намояндагони ташкилоти байналмилалии муқими Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ин анбор дар доираи ҳамкории байналмилалӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва татбиқи лоиҳаи «Таҳкими зарфияти коҳиши хатари офатҳо ва эътино» миёни Кумита, Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Рушди СММ сохта шуд.
Рустам Назарзода зикр кард, ки «ин дуюмин анборест, ки дар қаламрави кишвари мо бунёд ёфтааст. Тамоми талошҳои Ҳукумати кишвар барои расонидани кумаки саривақтӣ ба аҳолии ниёзманд нигаронида шудаанд».
Намояндаи доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Ленни Монтиел ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошихиро Аики изҳор доштанд, ки ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ идома хоҳанд дод.
Анбор имкон медиҳад дар сурати рӯй додани офати табиӣ ва ё дигар ҳолати фавқулода ба одамоне, ки хонаю амволи худро аз даст медиҳанд, кумаки фаврӣ расонида шавад. Интиқоли ҳар гуна ёриҳои аввалиндараҷа дар сурати вуқӯи ин ё он ҳодиса аз ҷойи дигар мушкил ва вақти зиёд мехоҳад. Аммо мавҷудияти чунин анбори эҳтиётӣ то ҳадде ин мушкилро осон месозад. Дар анбор кулли лавозимоти зарурии мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла бастаҳои беҳдоштӣ, зарфҳои обгириву ғизопазӣ, косаву табақҳо, болишту кӯрпаву кӯрпачаҳо ва лавозимоти ошхона нигаҳдорӣ мешаванд.
Дар умум 60 номгӯй лавозимоти зарурии мавриди ниёзи аввал барои 150 оила дар ин анбор ҷо дода шудааст, ки 60% он барои кӯдакону наврасон мебошанд.
Ҳамчунин дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ аз ҷониби Агентии Оғохон оид ба муҳити зист лоиҳаи бунёди паноҳгоҳи муваққатӣ барои зарардидагони эҳтимолии офатҳои табиӣ муаррифӣ гардид.
Мувофиқи лоиҳа, сохтмон бояд моҳи майи соли оянда анҷом ёбад. Ин панҷумин паноҳгоҳи муваққатӣ хоҳад буд, ки дар минтақаҳои махсусан хавфнок аз офати табиии ҳудуди кишвари мо сохта мешавад. Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад.
Акс: КҲФ ва МГ










Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






