Дар шаҳри Хоруғ анбори маҳсулоти ғайриозуқаворӣ ифтитоҳ шуд

Май 17, 2022 13:01

ДУШАНБЕ, 17.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 май дар шаҳри Хоруғ маросими ифтитоҳи анбори маҳсулоти ғайриозуқаворӣ барои аҳолие, ки дар ноҳияҳои сарҳадии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиндагӣ мекунанд ва эҳтимол дар офатҳои табиӣ зарар бинанд, доир шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.

Дар маросими ифтитоҳ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода, ҳамчунин Намояндаи доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ленни Монтиел, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Тошихиро Аики, раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот, раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода, роҳбарон ва намояндагони ташкилоти  байналмилалии муқими Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ин анбор дар доираи ҳамкории байналмилалӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва татбиқи лоиҳаи «Таҳкими зарфияти коҳиши хатари офатҳо ва эътино» миёни Кумита, Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Рушди СММ сохта шуд.

Рустам Назарзода зикр кард, ки «ин дуюмин анборест, ки дар қаламрави кишвари мо бунёд ёфтааст. Тамоми талошҳои Ҳукумати кишвар барои расонидани кумаки саривақтӣ ба аҳолии ниёзманд нигаронида шудаанд».

Намояндаи доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон  Ленни Монтиел ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошихиро Аики изҳор доштанд, ки ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ идома хоҳанд дод.

Анбор имкон медиҳад дар сурати рӯй додани офати табиӣ ва ё дигар ҳолати фавқулода ба одамоне, ки хонаю амволи худро аз даст медиҳанд, кумаки фаврӣ расонида шавад. Интиқоли ҳар гуна ёриҳои аввалиндараҷа дар сурати вуқӯи ин ё он ҳодиса аз ҷойи дигар мушкил ва вақти зиёд мехоҳад. Аммо мавҷудияти чунин анбори эҳтиётӣ то ҳадде ин мушкилро осон месозад. Дар анбор кулли лавозимоти зарурии мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла бастаҳои беҳдоштӣ, зарфҳои обгириву ғизопазӣ, косаву табақҳо, болишту кӯрпаву кӯрпачаҳо ва лавозимоти ошхона нигаҳдорӣ мешаванд.

Дар умум 60 номгӯй лавозимоти зарурии мавриди ниёзи аввал барои 150 оила дар ин анбор ҷо дода шудааст, ки 60% он барои кӯдакону наврасон мебошанд.

Ҳамчунин дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ аз ҷониби Агентии Оғохон оид ба муҳити зист лоиҳаи бунёди паноҳгоҳи муваққатӣ барои зарардидагони эҳтимолии офатҳои табиӣ муаррифӣ гардид.

Мувофиқи лоиҳа, сохтмон бояд моҳи майи соли оянда анҷом ёбад. Ин панҷумин паноҳгоҳи муваққатӣ хоҳад буд, ки дар минтақаҳои махсусан хавфнок аз офати табиии ҳудуди кишвари мо сохта мешавад. Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад.

Акс: КҲФ ва МГ

Май 17, 2022 13:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд маъракаи даъвати баҳорӣ анҷом ёфт
5-6 июн дар шаҳри Гулистон ҷаласаи навбатии Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор хоҳад шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Тоҷикистон дар мубориза бо маводи мухаддир устувор аст
«КӮКНОР-2023». Имрӯз дар вилояти Суғд амалиёти пешгирикунанда оғоз мегардад
Кормандони шуъбаву хадамоти фаврии мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон малакаи касбияшонро баланд мебардоранд
«КӮКНОР-2023». Дар вилояти Суғд амалиёти пешгирикунанда гузаронида мешавад
ҒАСБИ ХУДСАРОНАИ ЗАМИН ҶАВОБГАРИИ ҶИНОӢ ДАР ПАЙ ДОРАД. Иттилоияи Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар ин маврид
Дар Душанбе Озмуни 10-уми ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» ифтитоҳ ёфт
ҲУШДОРИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ: «Аз қаллобоне, ки аз номи ширкати «Газпром»-и Федератсияи Русия баромад мекунанд, эҳтиёт бошед»!
Дар машқгоҳи таълимии кӯҳии «Марғоб» машқҳои ротавӣ-тактикӣ бо ҷалби афсарону сарбозон доир гардид
ИМРӮЗ — РӮЗИ САРҲАДБОНОНИ ТОҶИК. Онҳо на танҳо марзҳои Тоҷикистон, балки амнияти давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро низ ҳимоят мекунанд
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия барқия ирсол намуд