Дар шаҳри Лоҳур 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Покистон таҷлил шуд

Май 20, 2022 08:41

ДУШАНБЕ, 20.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Донишгоҳи Панҷоби шаҳри Лоҳур 16 май зери увони «30-юмин солгарди муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Покистон» мизи мудаввари илмӣ — амалӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиши мазкур роҳбарияти донишгоҳҳои шаҳри Панҷоб, Мултан, Пешовар, роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегӣ (CGSS) ва доираи васеи олимону профессорон, мутахассисон, пажуҳишгоҳҳои илмӣ ва тадқиқотчиёни муассисаҳои бонуфуз и Покистон дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Зимни баргузории ҳамоиш Сафири Тоҷикистон дар Покистон Исматулло Насриддин таҳкиму тавсеаи муносибатҳои судманд миёни кишварҳоро аз муносибати неку бародаронаи сарони ду давлату ҳукуматҳо арзёбӣ намуда, онро заминаи асосӣ ва мусбат дар таҳкими муносибатҳои ҳасанаи ду кишвар маънидод намуд.

Таъкид гардид, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи обу энергетика, Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва нақши Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018 — 2028” аз дастовардҳои роҳбарияти олии кишвар арзёбӣ мегарданд.

Дар ҳошияи ҳамоиш мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон дар Покистон бо шабакаи телевизонии Покистон “Discover Pakistan” ки фаъолияти он асосан ба пахши барнома ва гузоришҳо дар самти сайёҳӣ равона шудааст, баргузор гардид. Таваҷҷуҳи асосӣ ба интиқолу ташвиқи сайёҳон ва сармоягузорони  покистонӣ ба Тоҷикистон равона гардид.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) ва Ҷумҳурии Исломии Покистон (ҶИП) 6 июни соли 1992 барқарор шуданд. Ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон аз ибтидои соли 1991 шурӯъ мешавад.

Соли 1993 ҶИП дар ҶТ Сафорати худро боз намуд ва фаъолияти он аз ибтидои соли 1994 шурӯъ гардид.

Ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон бо кӯшишҳои тарафайн бемайлона рушд меёбад. Тайи ин солҳо 7 маротиба сафарҳои расмӣ ва давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон (моҳи марти соли 1994,  соли 1996,  соли 1997, 12-14 майи соли 2004, 7-10 марти соли  2011, 12-13 ноябри соли 2015 ва 2-3 июни соли 2021) сурат гирифтаанд.

2 июни соли 2021 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон баргузор гардид, ки зимни он 12 санади ҳамкорӣ имзо гардид.

Миёни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ фаъолият дорад, ки яке аз механизмҳои асосии рушди ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. 2 июли соли 2019 ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва техникӣ дар Душанбе баргузор гардид.

Ҳамзамон ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон хеле феъол мебошанд.

Акс: ВКХ ҶТ

Май 20, 2022 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Густариши робитаҳои молиявии Тоҷикистон ва Қатар мавриди муҳокима қарор гирифт
Байни мақомоти стандартизатсияи Тоҷикистон ва Узбекистон «Харитаи роҳ» омода карда мешавад
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Агентии маълумот ва зеҳни сунъии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари Институти дипломатии Кувайт ба номи Сауд Ан-Носир Ас-Сабоҳ мулоқот намуд
Хуттали Қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбарияти Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор гашт
Дар Душанбе тавофуқоти ҳосилшуда зимни нахустин Саммити Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Дар Остона намоиши молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии Тоҷикистон баргузор мегардад
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд