Директори Маркази миллии қонунгузорӣ Иззатулло Саидзода: «Роҳбарони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ одамони гумроҳро ба вартаи ҳалокат мебаранд»

Май 26, 2022 10:25

ДУШАНБЕ, 26.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар бисёр мавридҳо роҳбарони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ калимаи «мардум»-ро ҳамчун пӯшиши амалҳои худ истифода мебаранд. Онҳо худро ҳамчун ҳомиёни мардум муаррифӣ карда,  бо ҳамин роҳ мардуми гумроҳро ба  вартаи ҳалокат мебаранд. Чунин иброз дошт дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» Хушнуд РАҲМАТУЛЛО директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло САИДЗОДА.

Ба андешаи ӯ, дар шаҳри Хоруғ гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ бо истифода аз вазъи иҷтимоиву сиёсии бавуҷудомада ҷавонони ноогоҳро ба доми худ мекашанд ва онҳоро барои расидан ба ҳадафҳои ҷиноӣ ҳамчун василаи содир намудани кирдорҳои ғайриқонунӣ истифода мебаранд.

«Нисбат ба аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ дар Хоруғ дар чанд соли охир борҳо афв татбиқ гардид. Дар ин муддат аз аъзои ин гурӯҳҳо ҳазорҳо адад силоҳи оташфишон ва садҳо кило маводи мухаддир, аз ҷумла ҳероин, афюн, ҳашиш ва ҳабҳои экстазӣ мусодира карда шуд», — таъкид намуд Иззатулло Саидзода.

Дар идомаи суҳбат ӯ тазаккур дод, ки гурӯҳҳои манфиатдор ҷиноятҳои вазнин содир кардаанд, ки ҳар сокини вилоят онҳоро бояд донад ва нагузорад, ки номи дигарон доғдор гардад.

Мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккил, бино ба гуфтаи директори Маркази миллии қонунгузорӣ, на танҳо кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки ҳамкорӣ ва мусоидати ҳамаи қишрҳои ҷомеаро дар бар мегирад.

Неруи пешбарандаи ҷомеа зиёиён, омӯзгорон ва кормандони эҷодӣ буда, имрӯз бояд фаъолияти дастҷамъонаи ин қишри ҷомеа пурзӯр карда шавад.

Изатулло Саидзода илова кард, ки аксарияти кулли ҷавонони шаҳри Хоруғ нафарони арзанда буда, дар тамоми соҳаҳо вазифаи ватандӯстонаи худро сарбаландона ва бошарафона иҷро менамоянд ва дар раванди бунёдкорию ободонии ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд.

«Сухан дар бораи чанд гурӯҳи хурд ва баъзе ҷавонони гумроҳ меравад, ки аз кирдори худ пушаймон мешаванд ва аз ин вазъияти душвор мебароянд», — изҳори итминон намуд ӯ дар хатми суҳбат.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 26, 2022 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд