Доир ба нақши китоби «Тоҷикон» — и Бобоҷон Ғафуров дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ сурат гирифт

Май 21, 2022 09:20

ДУШАНБЕ, 21.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. «Нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар рушди давлатдории миллӣ»- таҳти чунин унвон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи олимону профессорони Академия ҳамоиши илмӣ — сиёсӣ баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар ниҳоди мазкур.

Зимни ҳамоиш ректори Академия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки «бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашри китоби «Тоҷикон» ва дастрас кардани он ба ҳар хонаводаи кишвар иқдоми наҷибу саривақтист. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз ниёгони хеш барои ҳар фарди миллат, хусусан насли наврасу ҷавон амри зарурист. Устодони Академия пайваста дар хонишҳои сиёсии мақомоти давлатӣ ва курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, ки ҳамасола қариб 3000 нафар хизматчиёни давлатиро фаро мегиранд, ширкат варзида, аҳамияти ин асари таърихиро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ менамоянд».

Номзади илмҳои таърих, сарходими илмии Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” Нуриддинов Ҳомидхон иброз дошт, ки шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» на танҳо дар таърихнигории ватанӣ, балки дар миқёси кишварҳои хориҷӣ низ шуҳрату шаҳомати беандоза дорад.


«Бесабаб нест, ки шоҳасари «Тоҷикон» дар илми ховаршиносии Шӯравӣ падидаи ниҳоят муҳим ва навгонии беназир эътироф гардидааст. Китоби “Тоҷикон” аввалин асари илмие мебошад, ки дар шинохти миллат таълиф шудааст. Ин шоҳасар бозгӯкунандаи таърихи миллати тоҷик дар фарози асрҳо аз асрҳои 2-3-и пеш аз мелодро дар бар гирифта, муаллиф бо заҳмати чандинсолаи худ миллати тамадунсози тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст. Чопи ин шоҳасар ва дастраси тамоми мардуми кишвар гардонидани он ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеа мусоидат менамояд».

Сарходими илмии Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академия, номзади илмҳои таърих Б.Ализода гуфт, ки «Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намуда буданд, ки мо миллати фарҳангдӯст, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯ оварда, дар қалби насли имрӯзу ояндаи Ватан худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллиро ҷо намоем».

Зикр шуд, ки шоҳасари «Тоҷикон» аввалин тадқиқоти мукаммалу пурра оид ба таърихи миллати мо буда, муаллифи он бо маҳсули заҳмати беш аз сисолаи худ саҳми арзандаи ниёгони моро дар таърих ва тамаддуни башарӣ бо далелҳои раднопазир ба ҷаҳониён собит кардааст. Ин асар дар ҳақиқат монанди шуълае буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромӯшгаштаи таърихи миллати тоҷик равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ҳофизаи таърихии мардумро бедор намуд ва ба фарзандони бедордилу фидоӣ рӯҳи тоза бахшид.

АКС: Академияи идоракунии давлатӣ

Май 21, 2022 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

БОРШИ УКРАИНӢ БА ФЕҲРИСТИ МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ ҒАЙРИМОДДИИ ЮНЕСКО ВОРИД ШУД. Шаш сол пеш палави тоҷикӣ низ ба ин феҳрист шомил гардида буд
«Ваҳдати миллӣ. Сароғози бунёдкориҳо ва дурнамои рӯзгори босаодат»,- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон
Дар Бадахшон қуллаҳои Маяковский ва Октябрский расман ба номи шоирон Мирсаид Миршакар ва Мўъмин Қаноат номгузорӣ шуданд
Дар Душанбе таҳти унвони «Омилҳои ташаккули матбуоти даврии тоҷик дар солҳои 1920-1930» ҳамоиш баргузор гардид
Дар Ашт ғолибони даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» қадрдонӣ шуданд
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода толори фарҳангӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
Ду шабакаи телевизиони Тоҷикистон ба пахши моҳворавӣ пайваст мешаванд
ЭЙ ВАТАН, ЭЙ ТОҶИКИСТОН, ЭЙ БИҲИШТИ МАН! Шеъри тозаэҷоди Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ба шарафи Рўзи Ваҳдати миллӣ
«САДОИ АДИБОНИ ДУНЁ ДАР ВАСФИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти ин ном маҷмӯаи хотироти адибони ҷаҳон бо забони асл ва дар тарҷумаи тоҷикӣ ба нашр расид
«Сулҳ ройгон ба даст наомадааст, бояд ба қадраш бирасем!»,- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон мусаввараҳои рассомони рус ба намоиш гузошта шуданд
Дар Ҳисор маҳфили эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо доир гардид