«ДУШАНБЕ-ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН». Ҷилди сеюми китоби мазкур муаррифӣ шуд

Май 17, 2022 16:31

ДУШАНБЕ, 17.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯнамоии қисми 3 –юми китоби «Душанбе — қалби Тоҷикистон» доир гардид, ки дар он муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим, роҳбарону масъулони вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки “дар китоб ҷараёни бунёд ва ифтитоҳи як силсила иншооти ҳаётан муҳими шаҳри Душанбе ва лаҳзаҳо аз рӯйдоду навидҳои пойтахт бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯйи чоп омада, бо аксҳои зебо оро дода шудаанд”.

Китоб бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр гардида, дар он  андешаҳои шахсиятҳои барӯманду маъруф нисбат ба дастоварду музаффарияти шаҳрдорӣ ва рушди  пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе гирд оварда шудаанд.


Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода иброз дошт, ки шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази асосии сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву маърифатии мамлакат буда, рушду инкишофи кишвар аз набзи рӯзафзуни он иборат аст ва он барҳақ, қалби Тоҷикистон аст.

Бо ибтикори Раиси шаҳри Душанбе бунёди маҷмааву кохҳои меъморию фарҳангӣ, майдонҳои варзишӣ, гулгашту хиёбону кӯчаҳои васеи мумфарши бисёрқабата, хизматрасонии мусоиди нақлиётӣ, корхонаҳои азими саноатӣ, муассисаҳои маърифатию илмию адабӣ ва пеш аз ҳама, фазои амну осоишта  Душанберо ба яке аз шаҳрҳои пуршукӯҳи ҷаҳони муосир табдил додаанд.


Тазаккур дода шуд, ки дар китоб  пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ҳамчун маркази бузурги маънавиёт, илму маърифат ва хизматрасонӣ, дорои шароити хуби инфрасохторӣ, биноҳои маъмуриву истиқоматии баландошёнаи бо санъати баланди меъморӣ бунёдгардида муаррифӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки муаллифи китоб Мирзоамин Мирсаидзода буда, дар таҳияи он академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Эмомалӣ Насриддинзода ва номзади илмҳои таърих Мавсума Муинӣ саҳм гузоштаанд.

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири Саид,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 17, 2022 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчии ҷанг аз Душанбе расонида шуд
«ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД». Таҳти ин унвон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз шуд
Имрӯз дар Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» муайян мегарданд
Донишҷӯёни Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамоянд
Дар шаҳри Гулистон Озмуни шаҳрии «Оилаи намунавӣ» баргузор гардид
Дар Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нави ширкати «Акиа Авесто автоматив индастри» иштирок намуданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар пойтахт Фестивали футбол доир мешавад
Дурнамои ҳамкории шаҳри Душанбе ва иёлоти Ютаи Амрико баррасӣ шуд
Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҳунармандону косибон таҳти унвони «Беҳтарин усто ва шогирд» баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». 51 довталаб аз ноҳияи Данғара ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифт