Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид

Октябрь 29, 2026 10:20

ДУШАНБЕ, 29.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин чорабинӣ.

Озмун аз рӯйи ҳашт номинатсия — математика, физика ва астрономия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ — дар чор давр баргузор гардида, дар даври ниҳоии он 697 нафар иштирок намуданд.

Дар оғози маросим муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки баргузории озмун давоми солҳои сипаригашта барои баланд бардоштани таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва тарбияи истеъдодҳои нав ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои техникиву технологӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» бо таваҷҷуҳ ва сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, дар рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, тавсеаи ихтироъкорию навоварӣ, рушди зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, инчунин таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот нақши муҳим дорад.

Ёдовар мешавем, ки соли шашум аст дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор мешавад. Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирокчиёни даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» имтиёзи махсус пешбинӣ шудааст. Тибқи он хонандагони синфи 11-ум бе озмун ва ройгон ба ихтисосҳои фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва техникии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат қабул карда мешаванд.

Озмуни имсола бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз 1 январи соли 2026 тасдиқ гардид.

Барои баргузории он имсол дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти мамлакат 9 миллиону 870 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 29, 2026 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад