Футболбозони тоҷик Нуриддин Давронов ва Фатҳулло Фатҳуллоев сафирони «Париматч» шуданд
ДУШАНБЕ, 23.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Футболбозони маъруфи тоҷик Нуриддин Давронов ва Фатҳулло Фатҳуллоев сафирони нави ширкати «Париматч» гардиданд. Шартномаи ҳамкорӣ ба муҳлати як сол бо имкони тамдид баста шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар ширкати «Париматч» иттилоъ доданд.
Нуриддин Давронов нимҳимоятгари дастаи футболи «Истиқлол» ва тими мунтахаби кишвар аст. Ӯ дукарата қаҳрамони Тоҷикистон буда, ду маротиба Ҷом ва се маротиба Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. Ӯ соҳиби Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё (2012), унвони беҳтарин нимҳимоятгари мавсими соли 2012 ва беҳтарин бозигари соли 2013 мебошад. Дар ҳайати мунтахаби кишвар футболбоз 33 бозӣ гузаронида, 13 гол задааст.
Фатҳулло Фатҳуллоев фаъолияти худро дар ҳайати «Динамо»-и Душанбе оғоз кардааст. Соли 2008 ба Истиқлол пайваст ва дар он ҷо чандин унвонҳои милливу байналмилалӣ, аз ҷумла соли 2012 барандаи Ҷоми раиси КФО шуд. Дар ҳайати тими мунтахабони наврасон ва ҷавонон низ бозӣ кардааст. Соли 2007 бори аввал ба тими мунтахаби Тоҷикистон даъват шуда буд. Дар ҳайати мунтахаби кишвар беш аз 60 бозӣ карда, 9 гол задааст.
«Варзишгарони маъруф зикр карданд, ки онҳо аз пайвастан ба «Париматч» — сарпарасти варзиш дар Тоҷикистон ба ҳайси сафир хушҳоланд. Ҳамзамон, онҳо омодагии худро барои ширкат дар лоиҳаҳо ва фаъолсозии муштарак ҷиҳати оммавӣ гардонидани футбол дар Тоҷикистон изҳор доштанд», — таъкид карданд дар ширкати «Париматч».
МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:
«Париматч» яке аз бузургтарин ширкатҳои букмекерӣ дар Аврупо ва ИДМ мебошад, ки дар тӯли солҳои рушди фаъол ба яке аз пешсафони арсаи Аврупо табдил ёфтааст. Руҳияи мубориза ва кӯшиш ба рушдро «Париматч» тавассути сафирон ва дар ҳамкорӣ бо тамғаҳои ҷаҳонии варзишӣ тарғиб мекунад. Ширкат яке аз фаъолтарин бозигарони бозори маркетинги варзишӣ буда, бо федератсияҳо ва дастаҳои пешрафта ва маъруфтарин ҳамкорӣ мекунад. Бозии масъулиятнок яке аз афзалиятҳои асосии ширкат мебошад.
Дар Тоҷикистон «Париматч» дар рушди варзиш фаъолона ширкат меварзад ва аз 12 августи соли 2020 инҷониб шарики расмии беттингии Ҷом ва Суперҷом, инчунин Лигаи олии футболи Тоҷикистон мебошад.
АКС: Париматч








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






