Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб машқҳои тактикӣ доир намуд

Май 28, 2022 09:40

КӮЛОБ, 28.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор дар ташкилоту корхона, бозору марказҳои савдо, иншооти маъмурӣ ва манзилҳои зисти сокинон Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ, санҷишҳои нақшавӣ ва машқҳои тактикӣ мегузаронад. Чунин машқи тактикӣ дар  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бозори дунё”-и ноҳияи Фархор гузаронида шуд, хабар дод мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА.

Бо сар задани сӯхтори шартӣ нахуст дастаи ихтиёрии оташнишонии бозор ба хомӯш намудани он шурӯъ кард. Сӯхторнишонон низ бо қабули занги телефонӣ фавран ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд. Дар муддати кӯтоҳ алангаи оташ хомӯш карда шуда, амволи соҳибкорон наҷот дода шуд. Дастаи наҷотдиҳандагон чанд нафар аз осебдидагонро аз бозор берун бароварда, ба назди табибон бурданд ва ба онҳо ёрии аввалини тиббӣ расонида шуд.

Кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар минтақаи Кӯлоб бо соҳибкорон ва маъмурияти бозор суҳбат ороста, оид ба пешгирӣ аз сӯхтор корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Тавре корманди ХДО ВКД ҶТ дар минтақаи Кӯлоб Маҳмадалӣ Мирзода иттилоъ дод, гузаронидани чунин машқҳои тактикӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ва кормандони ташкилоту корхонаҳо натиҷаҳои хуб медиҳад.

Дар ноҳияи Восеъ низ аз ҷониби кормандони ХДО ВКД ҶТ машқи тактикӣ гузаронида шуд. Ин навбат машқи мазкур дар беморхонаи марказии ноҳия сурат гирифт. Кормандони хадамот дар муддати хеле кӯтоҳ оташи шартиро хомӯш карда, осебдидагонро аз бино берун бароварда, ба онҳо кумаки тиббӣ расониданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Май 28, 2022 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд