Хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии кишвар тақсим ва сафарбар карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 06.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола бо ба охир расидани соли таҳсил хатмкунандагони макотиби олии мамлакат аз рӯйи ихтисос ба муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии кишвар тақсим ва сафарбар карда мешаванд. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи тақсимотӣ ва нақшаи сафарбарии мутахассисони ҷавон ба муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони раёсати маорифи вилояти Хатлон низ ширкат доштанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раёсати маорифи вилоят.
Тақсимот ва сафарбаркунии мутахассисони ҷавон аз макотиби олӣ метавонад дар самти аз байн бурдани норасоии омӯзгорон мусоидат намояд.
Мавриди зикр аст, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мутахассисони ҷавон шароиту имконият ва имтиёзҳои зиёде фароҳам оварда шудаанд.
Аз ҷумла, омӯзгороне, ки ба ноҳияҳои дурдасти кишвар сафарбар мегарданд, тибқи дастур ба онҳо манзили истиқоматӣ пешбинӣ хоҳад шуд.
Ба ҳолати имрӯз шумораи зиёди мутахассисони ҷавони риштаи омӯзгорӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон фаъолият дошта, бо манзили зист таъмин мебошанд. Бахусус ин муаллимони ҷавон дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Дӯстӣ, Вахш ва амсоли ин ба таълиму тарбияи хонандагон машғул мебошанд.
АКС: Раёсати маорифи вилояти Хатлон








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






