ИНЪИКОС ВА БАРРАСИИ МАСОИЛИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ПАЁМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Таҳлили мавзӯъ дар мақолаи узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода

Май 31, 2022 12:02

ДУШАНБЕ, 31.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаҳони муосир ва равандҳои пуртазоду фарогири он собит менамояд, ки маориф ва илм, на танҳо манбаи муҳимтарини қувваи истеҳсолкунанда, балки яке аз омилҳои асосии рушд ва нишондиҳандаи асосии иқтидори иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳарбии кишварҳо маҳсуб меёбад.

Дар ин замина мақому нуфузи ҳар як кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ маҳз аз сатҳи неруи инсонӣ, рушди илму инноватсия ва дастовардҳои он дар соҳаи техникаю технологияҳои муосир вобастагии ҷиддӣ дорад. Дастовардҳо дар соҳаи мазкур ҷиҳати амалӣ гардидани таҳаввулот дар ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишварҳо мусоидат намуда, ҳамзамон боиси тағйир ёфтани муносибати одамон ва арзишҳо, инчунин сатҳ ва тарзи зиндагии онҳо мегардад. Аз ин рӯ, масъалаи илму маориф ва такмили донишу малака дар паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври фарогир инъикос ёфта, таваҷҷуҳи ҷомеа ва сохторҳои дахлдори давлатиро баҳри ҳалли масоили марбутаи ин соҳаи ҳаётан муҳим ҷалб менамояд. Дар ин замина омӯзиш, таҳқиқ ва баррасии масъалаи вазъи илму маориф, инчунин, таҳкими неруи илмии ҷумҳурӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат аҳаммияти махсус пайдо мекунад, ки он дар таълифоти мазкур ҳадафи асосӣ қарор дода шудааст.

Профессор Эмомалӣ Насриддинзода

Омӯзиш ва таҳлили суханрониҳои Сарвари давлат бори дигар собит месозад, ки масоили илму маориф ва такмили неруи зеҳнӣ, истифодаи самараноки дастовардҳои илм ва технологияҳои муосир ҷиҳати таҳкими иқтидори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангии кишвар дар маркази диққати роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доранд.

Таҳлили тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи маориф ва илм, сарфи назар аз мушкилоти мавҷудаи иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, дар замони истиқлолият барои дастгирӣ ва рушди муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва тарбияи кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илм, татбиқи дастовардҳои илмию техникӣ ва ворид намудани технологияҳои муосир корҳои мушаххас ба анҷом расонида шуда, дар ин самт, воқеан, сиёсати амиқ ва созандаю босубот роҳандозӣ шудааст.

Бояд зикр намуд, ки имрӯз вобаста ба вижагиҳои замони истиқлолият дар соҳаи маориф ва илм, инчунин, фаъолияти илмӣ ва илмию педагогӣ масъалаҳое арзи ҳастӣ мекунанд, ки бояд дар ҷомеаи илмӣ ва аҳли маорифи Тоҷикистон бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор гиранд. Бинобар ин, дастуру ҳидоятҳое, ки аз паёмҳои Президенти мамлакат бармеоянд, ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати амиқи давлатӣ дар соҳаи илм ва маориф, таъмини фаъолияти муассисаҳои илмӣ тибқи талаботи замони муосир ва истифодаи самараноки дастовардҳои он баҳри рушду нумуи истиқлолияти Тоҷикистон хеле муҳим ва муфид маҳсуб мешаванд. Таҳлилҳо ва арзёбиҳои возеҳу амиқи масоили соҳаи мазкур бори дигар аз таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва илм дар ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад.

Маврид ба зикр аст, ки таъкид ва дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат оид ба соҳаи илм ва маорифи ҷумҳурӣ хеле дақиқ, воқеӣ ва саривақтӣ буда, омӯзиш ва дарёфти василаҳои ҳаллу фасли мушкилот дар ҳар як самти зикргардида, вазифаи аввалиндараҷаи ҷомеаи илмӣ ва аҳли маорифи мамлакат мебошад.  Аз омӯзиш ва таҳлили паёмҳои Пешвои миллат бармеояд, ки зимни суханрониҳо ба тамоми самтҳои илм ва маориф, аз ҷумла доир ба ҳамаи зинаҳои таҳсилот диққати махсус зоҳир карда мешавад. Чунончи, дар Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 вобаста ба масъалаи таҳкими иқтидории илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ оид ба вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф таъкид намуданд, ки: “Мо , пеш аз ҳама, ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, бояд шумораи муассисаҳои томактабиро бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам созем.”

Бояд тазаккур дод, ки ин таъкиди Сарвари давлат инъикоси вазъи воқеии муассисаҳои томактабӣ буда, соҳаи мазкур ба дастгирӣ ва кумаки махсус ниёз дошт. То соли 1991 дар ҷумҳурӣ 940 муассисаҳои томактабӣ фаъолият менамуданд, ки тақрибан 30 фоизи талаботи ҷомеаро қонеъ мекард. Вале дар давраи солҳои 90-ум аз ин миқдор 400 муассисаи томактабӣ ё ба ихтиёри муассисаҳои дигар дода шуданд ва ё хусусӣ гардонида шуданд, ки дар натиҷа дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 540 чунин муассиса фаъолият дошт, ки он тақрибан 17 фоизи талаботи шаҳрвандонро қонеъ менамуд. Барои фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ Сарвари давлат супориш доданд, ки дар доираи барномаҳои давлатӣ ва бо иштироки аҳолӣ дар се соли оянда беш аз 1050 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ бунёд карда шавад, ки қисми зиёди онҳо бояд барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолии деҳот нигаронида шаванд. Воқеан, тибқи ин дастур дар тӯли чанд соли охир, ҳам аз ҷониби сохторҳои давлатӣ ва ҳам бахши хусусӣ миқдори зиёди муассисаҳои томактабӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд, ки ин ба фарогирии хоҳишмандон ба чунин муассисаҳо мусоидат намуд.

Дар заминаи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, таваҷҷуҳи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳои дахлдори соҳа ба масъалаи бунёди муассисаҳои таълимии умумӣ равона карда шуда, дар ин самт натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд. Тавре аз рақамҳо маълум мегардад, дар 30 соли Истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав — литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд, ки ин баёнгари ғамхории беандозаи Роҳбари давлат ба соҳаи маорифи кишвар, хусусан, таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ маҳсуб мешавад.

Пешвои миллат ба азхудкунии донишҳои замонавии хонандагон, ҳамчунин, ба омӯзиши забонҳои русию англисӣ диққати махсус дода, зимни суханрониҳо ва мулоқотҳояшон сохторҳои дахлдорро вазифадор месозанд, ки дар ин самт фаъол ва ташаббускор бошанд. Вобаста ба ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 доир ба ҷалби наврасону ҷавонон ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ, азхудкунии донишҳои замонавӣ, хусусан, омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таъкид намуда, пешниҳод карданд, ки:   «… ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карда шаванд». Бояд зикр кард, ки ҷиҳати амалӣ намудани дастури Сарвари давлат Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, вазифадор карда шуданд, ки доир ба ин масъала нақшаи чорабиниҳоро таҳия карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Тавре ки медонем, аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барномаи тадбирҳо барои солҳои 2021-2025 таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуда, татбиқи он дар муассисаҳои таълимӣ аллакай ба роҳ монда шудааст.

26 январи соли 2021 зимни ироаи Паём Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти  муҳиммияти азхуд намудани донишҳои замонавӣ таъкид намуданд, ки: «Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин, вазифадор карда мешавад, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот – аз муассисаҳои томактабӣ сар карда, то гимназияву литсейҳо ва зинаҳои дигари таҳсилот ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотиро ташкил карда, назорати қатъии сифати таълимро дар ин самт ба роҳ монад».

Бояд таъкид намуд, ки омӯзиши донишҳои замонавӣ, хусусан таълими забонҳои хориҷӣ – забонҳои русӣ ва англисӣ аз марҳилаи аввали истиқлолият дар маркази диққати Роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошт. Бо ин мақсад ҳанӯз аз соли 2004 барномаҳои давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ қабул гардида, давра ба давра дар муассисаҳои таълимӣ амалӣ карда мешуданд. Айни ҳол марҳилаи сеюми чунин барнома, ки бояд то соли 2030 идома ёбад, бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи мутахассисон ва сатҳу сифати касбии онҳо ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои омода кардани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва дар бозори меҳнат рақобатпазир, ки вазифаи аввалиндараҷаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар маҳсуб мешавад, таъкид менамоянд. Вобаста ба ин, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 бори дигар ба ин масъала рӯ оварда, тазаккур доданд, ки: «… аз ҷониби роҳбарони Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар масъалаи қабули довталабон ва тарбияи кадрҳо, пеш аз ҳама, ба сифат эътибори аввалиндараҷа дода шавад». Албатта, ин таъкиди Сарвари давлат ҳамаи масъулини соҳаи маориф, қабл аз ҳама, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриро водор месозад, ки зимни қабули довталабон, тарбия ва омода сохтани мутахассисон дар раванди таҳсил, ҳамчунин қабул ва тарбияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ серталабӣ зоҳир карда, барои қонеъ гардонидани талаботи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат мусоидат намоянд.

Бояд ёдовар шуд, ки вобаста ба вазифагузориҳои Сарвари давлат доир ба омода намудани кадрҳо дар Паёми мазкур, ҷиҳати ҳар чи бештар ба хориҷи кишвар фиристодани ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд аз рӯйи равияи илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ «Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021 – 2030» таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ карда шуд, ки он барои муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олии касбӣ барои даҳ соли оянда ҳуҷҷати муҳимми раҳнамо ва барномаи амал дар ин самт хоҳад буд.

Дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи илми академӣ мақоми хосса дошта, он дар мадди назари Роҳбари давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Тавре ки медонем, илмҳои академӣ, хусусан, илмҳои бунёдӣ ва таҷрибавӣ бо ҳам иртиботи ногусастанӣ дошта, бе мавҷудияти заминаи зарурии илмӣ-техникӣ амалӣ намудани тадқиқот ва натиҷагириҳо дар ин самт ғайриимкон аст. Дар робита ба ин, дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 таъкид шудааст: «Дар замоне ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, дар илми тоҷик навгонӣ ва ташаббусҳои илмӣ кам ба мушоҳида мерасанд, афроди лаёқатманд, ихтироъкор ва навҷӯ ба ҷодаи илмҳои дақиқ ҷалб карда намешаванд…». Таъкидҳои Пешвои миллат собит месозанд, ки вазъи илмҳои дақиқ ва таҷрибавӣ дар муассисаҳои илмӣ ва таълимии ҷумҳурӣ ҷавобгӯи талабот набуда, ба дастгирӣ ниёз доранд. Дар ин марҳила ҷиҳати дастгирӣ ва рушди самтҳои номбурдаи илм дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди илмҳои дақиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2005-2008» аз 29 декабри соли 2003, № 571 ва «Дар бораи тасдиқи  Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020» аз 27 феврали соли 2010, № 89 ба тасвиб расиданд. Ҳамзамон, дар заминаи таҳкими пояи ҳуқуқии рушди илм низ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мегарданд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул гардида, Оинномаи Академияи миллии илмҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 14 январи соли 2022, № 313 тасдиқ карда шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки бо мақсади таҷҳизонидани кабинетҳои таълимӣ ва озмоишгоҳҳо бо таҷҳизоти зарурӣ ва дар ин замина фароҳам овардани шароити мусоид барои ташаккули фарҳанги техникию табиии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, № 544 «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» ба тасвиб расонида шуд, ки амалӣ гардидани он дар ин марҳила хеле муҳим буда, метавонад дар ояндаи наздик барои рушди илмҳои табиию риёзӣ дар кишвар мусоидат намояд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки айни ҳол аксари муассисаҳои таҳсилоти олӣ, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ ҷиҳати омӯзиш ва анҷом додани таҳқиқоти самараноку судманд ва ташхиси дақиқу саривақтӣ ба таҷҳизоти замонавӣ эҳтиёҷ доранд. Ҳамзамон, ҳалли мушкилоти мазкур имкон дорад, ки барои тарбияи мутахассисони варзида ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир дар самти фанҳои таҷрибавӣ ва тадқиқоти бунёдӣ шароити мусоид фароҳам созад. Илова бар ин, озмоишгоҳҳо барои санҷиши сифати маҳсулот бе таҷҳизоти зарурӣ ва реактивҳои химиявӣ наметавонанд фаъолияти худро дар самти зарурӣ ба роҳ монанд. Бинобар ин, қабули қарори мазкури Ҳукумат барои беҳбудӣ бахшидани фаъолияти соҳаҳои номбурда дар ин самт хеле муфид ва саривақтӣ арзёбӣ шуда, амалӣ гардидани он, бешубҳа, ба рушди босуботи ин самти фаъолияти муассисаю корхонаҳо мусоидат хоҳад кард.

Таваҷҷуҳ ба масоили илм аз ҷониби Роҳбари давлат муҳаққиқону коршиносон ва масъулони соҳаро водор месозад, ки дар ин самт бештар тадбирҳои мушаххасу судманд андешанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вазъи илмҳои бунёдӣ ва самаранокии маблағгузории соҳаи илм дар ҷумҳурӣ беҳбудиро тақозо намуда, тибқи талаботи замони муосир ва ниёзмандиҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии кишвар муносибати муосиру замонавиро мехоҳад.

Бояд зикр намуд, ки ба талаботи соҳаи иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар мувофиқ намудани тадқиқотҳои илмӣ, хусусан мавзуъҳои фармоишӣ яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти муассисаҳои илмӣ маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, дар паёмҳои Президенти мамлакат ба ин масъала диққати махсус зоҳир гардида, зарурати мутобиқ намудани мавзуъҳои фармоишӣ ба сиёсати давлатии илмӣ-техникӣ таъкид гардидааст. Аз ҷумла, дар Паёми соли 2016 омадааст: «… муассисаҳои илмиро зарур аст, ки ҷиҳати ба сиёсати имрӯза  мутобиқ намудани мавзуъҳои фармоишӣ чораҷӯйӣ карда, таҳқиқи масъалаҳои умдаи давлатдории миллиамонро бо дарназардошти пешрафти иқтисоди миллӣ, ояндаи кишвар ва ҳалли мушкилоти мубрами ҷомеа анҷом диҳанд».

Зарурати баррасӣ ва арзёбии масъалаи мазкур дар паёмҳои Пешвои миллат аз он бармеояд, ки аз оғози Истиқлолият то имрӯз аз хазинаи давлат барои таҳқиқи мавзуъҳои фармоишӣ маблағи зиёд пешбинӣ мешавад,  лекин натиҷаи тадқиқотҳо ҳанӯз ҳам ба рушди истеҳсолот ва ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоии кишвар чандон мусоидат намекунанд. Баррасии масъалаи истифодаи оқилонаи маблағҳои буҷетӣ барои соҳаи илм ва самаранокии натиҷаҳои таҳқиқотро, бешубҳа метавон чун натиҷаи таҳлили амиқу воқеӣ ва назари интиқодии муҳтарам Пешвои миллат ба соҳаи мазкур арзёбӣ намуд.

Вобаста ба эродҳое, ки дар ин самт аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳо садо доданд, тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ҷиҳати дақиқ намудани мавзуъҳои фармоишӣ, равияҳои афзалиятноки илм ва ба талаботи ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷумҳурӣ мувофиқ намудани таҳқиқотҳои илмӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар ин самт корҳои мушаххас анҷом дода шуданд, ки ҷиҳати бартараф гардидани мушкилоти мавҷуда ва таъмини фаъолияти самараноки соҳаи мазкур мусоидат хоҳанд кард. Аз ҷумла, баъди эродҳои Сарвари давлат доир ба масоили болозикр аз ҷониби Вазорати маориф ва илм лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳхои 2021-2025» таҳия гардида, бо қарори Ҳукумат аз 26 сентябри соли 2020, № 503 ба тасвиб расид.

Паёми Президенти мамлакат аз 21 декабри соли 2021 собит менамояд, ки масоили соҳаи илм ва маориф беш аз ҳарвақта мавриди диққати Пешвои миллат қарор гирифтанд. Пешвои миллат зимни суханронӣ ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон, тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос, таҳқиқи масоили мубрами ҷаҳони муосир ва ғайра дахл карда, таваҷҷуҳи масъулони соҳаро баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва таҳкими сатҳу сифати дониш ва саводу малакаи мутахассисон ҷалб намуданд.

Лозим ба таъкид аст, ки дар паёмҳои Роҳбари давлат паҳлуҳои мухталиф ва масоили муҳимми соҳаи маориф ва илм – вазъи муассисаҳои томактабӣ, масъалаи сифати таълим, такмили ихтисоси омӯзгорон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, таълими фанҳои дақиқ, таъмини мактабҳо бо омӯзгорони соҳибтаҷриба, робитаи илм бо истеҳсолот, маблағгузории соҳаи илм, тарбияи кадрҳои илмӣ ва ҷалби ҷавонон ба илм, мавзуъҳои фармоишӣ ва ғайраҳо дар мадди назари Президенти мамлакат қарор гирифта, дар маҷмуъ 23 маротиба доир ба самти мазкур эродҳои ҷиддӣ садо доданд, ки барои ислоҳ ва бартараф намудани ҳар яки он супоришҳои мушаххас дода шудаанд.

Дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳаллу фасли мушкилоти соҳаи маориф ва илм хеле муфид ва саривақтӣ маҳсуб ёфта, ҷиҳати рушди босамар ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардидани он мусоидат хоҳанд кард. Бо итминони комил метавон гуфт, ки таъмини иҷрои босифат ва саривақтии дастуру супоришҳо барои рушд ва фаъолияти бомароми соҳаи илму маориф такон бахшида, дар ин замина ҷиҳати ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсии кишвар заминаи боэътимод ва устувор хоҳад гузошт.

Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор,
узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

ДАР АКСИ БОЛО: Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии ҶТ, 21 декабри соли 2022, «Кохи Сомон», шаҳри Душанбе. Акс: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Май 31, 2022 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Корвони шаҳри Ваҳдат бинои нави муссисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
НАМУНАИ ИБРАТ. Заҳмати модар Фараҳбахши нобиноро ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардонид
Дар ноҳияи Балҷувон иншооти нави соҳаи маориф бунёд гардид
Вобаста ба ҳуқуқи меҳнат ва истифодаи меъёрҳои байналмилалии меҳнат вохӯрии минтақавии шарикони рушд доир шуд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Чиндао Бинҳайи Чин Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
4 нафар довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сазовори «Шоҳҷоиза»-и озмун гардиданд
Имрӯз ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷоизаҳо супорида шуданд
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад