Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд

Сентябрь 25, 2026 08:48

ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба маблағи умумии 1,4 миллиард сомонӣ 986 муассисаи таълимӣ барои 470 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Чунин иттилоъ дода шуд 23 сентябр зимни суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд.

«Сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, бунёди синфхонаҳои иловагӣ ва муҷаҳҳаз гардонидани онҳо бо таҷҳизоти муосир ба беҳтар гардидани сифати таълим ва тайёр намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон мусоидат менамояд», -иброз намуданд Пешвои миллат.

Таъкид карда шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар ин давра шумораи муассисаҳои томактабӣ ва фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ мунтазам афзоиш ёфт. Имрӯз дар вилоят 315 муассисаи томактабӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо 54 ҳазор кӯдак ва дар 724 маркази инкишофи кӯдак зиёда аз 27 ҳазор кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Дар идомаи суханронӣ Президенти мамлакат изҳор доштанд, ки танҳо дар 14 соли охир аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 4300 нафар ҷавонон тибқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат қабул гардидаанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

 

 

Сентябрь 25, 2026 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд