Кормандони милитсияи Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 21.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор таҷлил гардидани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, роҳбарият ва ҳайати шахсии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
Сараввал ба хотири гиромидошти хотираи шаҳидон-кормандоне, ки ҳангоми адои хизмат ҷони худро аз даст додаанд, маросими гулгузорӣ сурат гирифт.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода табрикоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро вобаста ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба иштирокдорон расонида, иброз дошт, ки «кормандони мақомоти милитсия ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва таъмини волоияти қонун ба таври шабонарӯзӣ фаъолият намуда, пайи иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ камари ҳиммат бастаанд. Раванди зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бе таъсир намемонад. Вобаста ба ин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро мебояд беш аз пеш зираку ҳушёр бошанд, то пеши роҳи ҳама гуна аъмоли ношоям гирифта шавад».
Ҳамзамон муовини аввали сардори РВКД дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия Сафаралӣ Тағойзода иброз дошт, ки «воқеан давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба илму дониш фаро гирифтани ҷавонон зина ба зина шароити зарурӣ таъмин карда шуд. Маҳз ҷавонони бо илму дониш метавонанд ояндаи дурахшони давлату миллати хешро таъмин намоянд. Ин аст, ки Пешвои миллат ҷавононро ояндаи давлат унвон кардаанд».
Чуноне зикр гардид, дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ низ аксариятро кормандони ҷавон ташкил медиҳанд, ки баҳри таъмини тартибот ва осиштаҳолии шаҳрвандон саҳми боарзиш мегузоранд.
Дар охир аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода як гурӯҳ кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо Сипосномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: РВКД дар ш. Душанбе










Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд






