Маҳмадтоир Зокирзода дар конференсияи сеюми Ассамблеяи парлумонии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд

Май 18, 2022 08:48

ДУШАНБЕ, 18.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 май Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар кори  конференсияи сеюми Ассамблеяи парлумонии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ), ки дар шаҳри Боку таҳти раёсати Раиси Миллӣ Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғаффорова баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Ҳамчунин дар конференсияи мазкур раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттилоот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ Саидмурод Фаттоҳзода, Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Рустами Солӣ ва ҳайати ҳамроҳон иштирок намуданд.

Дар оғози ҷаласа дар қатори дигар масъалаҳо ҳисоботи натиҷаҳои конференсияи дуюми Ассамблеяи парлумонии кишварҳои узви СҲИ, дастурамали фаъолияти Ассамблея ва инчунин макон ва замони баргузории ҷаласаи ояндаи созмони мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Сипас, конференсия бо иштироки роҳбарони парлумонҳои Туркия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Дабири кулли СҲИ ба кор оғоз намуд.

Маҳмадтоир Зокирзода вобаста ба масъалаи баррасишаванда  «Ҳамкорӣ дар давраи пас аз пандемия: чолишҳо ва имконот барои барқарорсозӣ»  изҳор дошт, ки СҲИ аҳамияти худро ҳамчун платформаи муассир баҳри вокуниш ба чолишҳои бавуҷудомада, роҳандозии корҳо ҷиҳати рафъи оқибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва тиҷоратию иқтисодии пандемияи Ковид-19 ба таври боварибахш тасдиқ кард. Пандемия ба рушди иҷтимоиву иқтисодии ҳамаи кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон таъсири зиёди манфӣ расонд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Саммити 15-уми сарони кишварҳои СҲИ, ки дар Туркманистон баргузор шуд, бо мақсади тавсеа бахшидан ба ҳамкории тиҷоратии кишварҳо пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати бартараф намудани маҳдудияти карантинии нақлиётиву транзитии бинобар пандемия ҷоригардида, ҳамчунин монеаҳои тиҷоратии тарифӣ ва ғайритарифӣ иқдоми мушаххас анҷом дода шаванд.

Дар робита ба ин, аз кишварҳои аъзо даъват карда шуд, ки нақшаи муштаракро ҷиҳати татбиқи пурсамари иқтидори тиҷоратии минтақаи СҲИ таҳия намоянд. Муттаҳид сохтани саъю талошҳоро ҷиҳати таҳкими робитаҳои нақлиётӣ, ки бешубҳа, ба зиёд намудани ҳаҷми савдои байниҳамдигарӣ мусоидат мекунанд, муҳим арзёбӣ шуд.

Маҳмадтоир Зокирзода даъват намуд, ки ба баланд бурдани иқтидори нақлиётиву транзитии минтақаи Созмон таваҷҷуҳи афзалиятнок зоҳир карда шавад.

Бо дарназардошти зарурати бартараф намудани оқибатҳои иҷтимоиву иқтисодии пандемияи Ковид-19 зарурати чунин ҳамкорӣ муҳимияти бештар тақозо менамояд.

Дар хотима ҳамчунин раисони парлумонҳои Туркия, Эрон, Қазоқистон, Покистон ва дигар кишварҳои аъзо иброз намуданд, ки  баргузории конференсияи мазкур барои таҳкими ҳамкории кишварҳои узв заминаи мусоид фароҳам оварда, ҳамзамон омили муҳим ҷиҳати густариш пайдо кардани муносиботи байнипарлумонӣ ба шумор меравад.

Конференсия имрӯз низ идома меёбад.

 Акс: МН МО ҶТ

Май 18, 2022 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид