Маҳмадтоир Зокирзода дар конференсияи сеюми Ассамблеяи парлумонии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 18.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 май Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар кори конференсияи сеюми Ассамблеяи парлумонии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ), ки дар шаҳри Боку таҳти раёсати Раиси Миллӣ Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғаффорова баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Ҳамчунин дар конференсияи мазкур раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттилоот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ Саидмурод Фаттоҳзода, Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Рустами Солӣ ва ҳайати ҳамроҳон иштирок намуданд.
Дар оғози ҷаласа дар қатори дигар масъалаҳо ҳисоботи натиҷаҳои конференсияи дуюми Ассамблеяи парлумонии кишварҳои узви СҲИ, дастурамали фаъолияти Ассамблея ва инчунин макон ва замони баргузории ҷаласаи ояндаи созмони мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Сипас, конференсия бо иштироки роҳбарони парлумонҳои Туркия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Дабири кулли СҲИ ба кор оғоз намуд.
Маҳмадтоир Зокирзода вобаста ба масъалаи баррасишаванда «Ҳамкорӣ дар давраи пас аз пандемия: чолишҳо ва имконот барои барқарорсозӣ» изҳор дошт, ки СҲИ аҳамияти худро ҳамчун платформаи муассир баҳри вокуниш ба чолишҳои бавуҷудомада, роҳандозии корҳо ҷиҳати рафъи оқибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва тиҷоратию иқтисодии пандемияи Ковид-19 ба таври боварибахш тасдиқ кард. Пандемия ба рушди иҷтимоиву иқтисодии ҳамаи кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон таъсири зиёди манфӣ расонд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Саммити 15-уми сарони кишварҳои СҲИ, ки дар Туркманистон баргузор шуд, бо мақсади тавсеа бахшидан ба ҳамкории тиҷоратии кишварҳо пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати бартараф намудани маҳдудияти карантинии нақлиётиву транзитии бинобар пандемия ҷоригардида, ҳамчунин монеаҳои тиҷоратии тарифӣ ва ғайритарифӣ иқдоми мушаххас анҷом дода шаванд.
Дар робита ба ин, аз кишварҳои аъзо даъват карда шуд, ки нақшаи муштаракро ҷиҳати татбиқи пурсамари иқтидори тиҷоратии минтақаи СҲИ таҳия намоянд. Муттаҳид сохтани саъю талошҳоро ҷиҳати таҳкими робитаҳои нақлиётӣ, ки бешубҳа, ба зиёд намудани ҳаҷми савдои байниҳамдигарӣ мусоидат мекунанд, муҳим арзёбӣ шуд.
Маҳмадтоир Зокирзода даъват намуд, ки ба баланд бурдани иқтидори нақлиётиву транзитии минтақаи Созмон таваҷҷуҳи афзалиятнок зоҳир карда шавад.
Бо дарназардошти зарурати бартараф намудани оқибатҳои иҷтимоиву иқтисодии пандемияи Ковид-19 зарурати чунин ҳамкорӣ муҳимияти бештар тақозо менамояд.
Дар хотима ҳамчунин раисони парлумонҳои Туркия, Эрон, Қазоқистон, Покистон ва дигар кишварҳои аъзо иброз намуданд, ки баргузории конференсияи мазкур барои таҳкими ҳамкории кишварҳои узв заминаи мусоид фароҳам оварда, ҳамзамон омили муҳим ҷиҳати густариш пайдо кардани муносиботи байнипарлумонӣ ба шумор меравад.
Конференсия имрӯз низ идома меёбад.
Акс: МН МО ҶТ









Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир шуд






