МАЪЛУМОТ БАРОИ МУЛОҲИЗА. Пандемия ҳанӯз поён наёфтааст, дар Русия замони хуруҷи нави COVID-19-ро пешгӯӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 01.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар қаламрави Русия дар моҳи июн хатари афзоиши ибтило ба коронавирус баланд аст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии «Sputnik» менависад, дар ин бора чанд рӯз пеш Вазири тандурустии Русия Михаил Мурашко ҳушдор дод.
Барои пешгирии мавҷи нав, бояд моякӯбӣ (эмгузаронӣ, ваксинатсия) шуд, гуфт раҳбари Вазорати тандурустӣ.
«Ҳоло эмгузаронии такрорӣ хеле муҳим аст, зеро тибқи пешгӯиҳои мо, охири моҳи май, шояд дар моҳи июн хатари зиёд шудани беморӣ баланд аст, зеро иммунитети оммавӣ паст мешавад», — гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вазир, то дубора зуҳур кардани мавҷи беморӣ мунтазир нашуда, ба пешгирӣ машғул шудан лозим аст.
Қаблан раиси Роспотребнадзор Анна Попова ҳушдор дода буд, ки бо вуҷуди коҳиши мизони бемории COVID-19 дар Русия, пандемия то ҳол хотима наёфтааст.
Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти охирин дар Русия теъдоди гирифторони коронавирус коҳиш меёбад. Чанд рӯз пеш 7,7 ҳазор мубталоёни нави коронавирус ба қайд гирифта шуданд, ки ин нисбат ба авали моҳи апрел (18 ҳазор нафар) хеле кам аст. Ба ҳолати 25 апрели ҳамин сол, аз рӯи маълумоти Вазорати тандурустии ФР, 53,6% аҳолӣ ваксина гирифтаанд.
Дар Тоҷикистон, ба ҳолати 27 апрели соли равон, беш аз 5,2 миллион нафар аҳолӣ вояи аввали ваксина гирифтаанд, ки ин 93,1% аҳолиро ташкил медиҳад. Ҳамчунин 4 миллиону 900 ҳазору 199 нафар (87,5%) вояи дуюм ва 1 миллиону 89 ҳазору 922 нафар (19,5 фоиз) вояи сеюми ваксина гирифтаанд.
Дар Тоҷикистон масунияти дастҷамъона бар зидди коронавирус пурра ташаккул ёфт. Дар ин бора арқоме, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» пешниҳод намуд, гувоҳӣ медиҳанд.
Ҳанс Клюге, Роҳбари минтақаи аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ), ки ба он Тоҷикистон низ шомил аст, чанде пеш изҳор дошта буд, ки ҳангоми эм гирифтани 80 фоизи аҳолӣ бар зидди COVID-19 масунияти дастҷамъӣ пайдо мешавад. Ӯ дар ин бора, аз ҷумла дар суҳбат бо мухбири рӯзномаи «Handelsblatt» тазаккур дод.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, бо қарори Cитоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави COVID-19 аз 7 марти соли 2022 дар Тоҷикистон якчанд маҳдудият, аз ҷумла пӯшидани ҳатмии ниқобҳои тиббӣ бекор карда шуд. Дар ҳамин ҳол, ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки «корҳоро оид ба чораҳои пешгирикунанда ва зиддиэпидемиявӣ идома диҳанд». Чун, пандемияи коронавирус ҳанӯз ба охир нарасидааст ва риояи қоидаҳои санитарӣ идома хоҳад ёфт.
АКС: Сергей Лантюхов/NEWS.ru








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






