«МАН» ДАР БОРАИ ҲОШИМ ГАДОЕВ. Ҳунарпешаи барҷастаи тоҷик имрӯз 85-сола шуд

Май 10, 2022 19:00

ДУШАНБЕ, 10.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Арбоби барҷастаи фарҳанг ва  ҳунар, профессор, Ҳунарпешаи  халқии СССР, Ҳунарпешаи  халқии Тоҷикистон, дорандаи ордени «Ситораи Президент» Ҳошим Гадоев имрӯз, 10 май ба сини 85 расид. Имрӯз дар кинотеатри «Зебунисо» бахшида ба ин санаи муборак филми ҳуҷҷатии «Ман» намоиш дода шуд.

Тасмими хеле ҷасурона: коргардони ҷавон Ҳамро Розиқов филми аввалини худро дар бораи ҳунарманди  машҳур,  ки дар кино ва саҳна образҳои хеле равшану муъҷаз офаридааст, ба навор гирифтааст. Дар дар бораи ҳунамандоне мисли Ҳошим Гадоев филмофарӣ боз ҳам душвортар аст. Кор бо ин гуна ҳунарманди нотакрор аз коргардон на танҳо маҳорати баланди касбӣ, балки сабру таҳаммули калон низ   тақозо мекунад.

Новобаста аз ин филм ба навор гирифта шуд! Коргардон дар болои он 6 моҳ заҳмат кашид ва нахустнамоиши он 21 октябри соли 2021 баргузор гардид.

«Офаридани филм  дар бораи Ҳошим Гадоев — ин орзуи деринаи манн буд: ягон вақт бо ӯ кор кардан, ҳарчанд ки ман боварӣ надоштам, ки замоне мерасаду ин орзу ҷомаи амал мепӯшад»,- иқрор мешавад коргардон.

Ва ин орзу дар сари ӯ чанд сол пеш,ҳангоми тамошои филми «Рустам ва Сӯҳроб»-и Борис Кимёгаров пайдо шуд, ки он соли 1972 дар кинофестивали Тбилиси миёни филмҳои ҷумҳуриҳои шӯравӣ мақоми аввалро касб намуда буд. «Дар кинемотография Сӯҳроби афсонавӣ аз ин силсилафилмҳо ҳаргиз аз байн нахоҳад рафт ва фаромӯш  нахоҳад гардид», — чунин мешуморад Ҳамро Розиқов.

Зимнан, дар замони худ Ирина Елияшева, мунаққиди кино аз Ҷумҳурии Чехия дар бораи ин филм бо ваҷд чунин нигошта буд: «Ин филмро 30 маротиба, шояд бештар аз он тамошо кардаам ва аз тамошояш то ҳол сер нашудаам. Дар паҳлӯи «Сӯҳроб»-и Ҳошим Гадоев ситораҳои дурахшони сайёра, чун Жан Маре, Белмондо, Ален Делон камнур  ба назар мерасанд… Ба чеҳраи Сӯҳроб нигаред: дар дунё аз ин дида чеҳраи мукаммалтаре нест! Ана марди ҳақиқӣ Ҳошим-Сӯҳроб!».


Филми «Рустам ва Сӯҳроб» рамзи муаррифии Тоҷикистон гардид ва Сӯҳроб-муаррифи худи Ҳошим Гадоев шуд, ҳарчанд таъдоди нақшҳои дар филмҳо  офаридаи ӯ қариб ба панҷоҳ мерасанд ва ин нақшҳо лаҳзавӣ (эпизодӣ) нестанд.

Аммо баргардем ба филми «Ман» («Ме»). Дар омади гап, чаро номи филм ба англисӣ «Ме» (яъне «дар бораи ман»)   интихоб шудааст, на «I» («ман»)? Ба гуфтаи коргардон, ин кор мувофиқи муҳтавои филм бо назардошти қоидаи корбурди ин ҷонишин дар забони англисӣ сурат гирифтааст.

Сенарияи филми «Ман» бар асоси андешаҳои фалсафии Ҳошим Гадоев аз китобҳои ӯ  таҳия шудааст.  Дар омади гап, эҷодиёти Ҳошим Гадоев танҳо бо санъати саҳнавӣ ва кинематография маҳдуд нест. Ӯ ҳамчун нависанда низ шуҳратманд аст. Ҳикояву масалҳои ӯ аз соли 1995 инҷониб дар матбуоти даврии ҷумҳурӣ ба табъ мерасанд – дар ин муддат теъдоди рекордии китобҳояш – 100 ҷилд нашр шудааст!  Чунин шумораи зиёди китобҳо сазовори дохил шудан ба Китоби рекордҳои Гиннес ҳастанд.

«Ман дар санъат Гагарин будам. Орзу мекардам, ки барои мардум офтобаки хурде бошам. Худро сӯзондам, саломативу на пой ва на дастро дареғ надоштам. Чӣ дар театр ва чӣ дар филм аз андоза зиёд меҳнат кардам. Дар филми «Рустам ва Сӯҳроб» ангуштонамро бо шамшер шикастанд, тир ба абрӯям зад ва баъд онро дӯхта, ангуштонамро гаҷ карданд», — ба ёд меорад Ҳошим Гадоев.

Филми «Ман» аз рӯи сенарияи худи коргардон дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе, дар манзили ҳунарпешаи бузург, дар бинои Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ, ки 60 сол боз дар он кор мекунад, ҳамчунин дар Норак, Восеъ, Кӯлоб ва дар кӯҳи Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод ба навор гирифта шудааст. Дар филм суханони Ҳошим Гадоев, ки зимни дар Чилдухтарон буданаш гуфтааст, садо медиҳанд: «Ман боз дар ҳамон ҷойҳое ҳастам, ки ним аср пеш ҳангоми банаворгирии филми «Рустам ва Сӯҳроб» солҳои 70-ум омада будам. Ба назарам, гӯё ин ҳама дирӯз буд… Ва ман намедонам, ки чунин имконият бори дигар пайдо мешавад ё не…»

…«Аҳсант! Худованд ба Шумо умри дароз ато кунад, то гаштаю баргашта аз ин ҷойҳо дидан кунед ва гаштаву баргашта дар саҳнаю экранҳо пайдо шуда, моро шод гардонед!», — бо кафкӯбӣ ва табрику таҳният ва   изҳори сипос нисбат ба Ҳошим Гадоев филми «Ман» ба охир мерасад.

Ва мо низ ба ин таманниёт ҳамроҳ мешавем…

Зебои ЮСУФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз муаллиф/АМИТ «Ховар»


МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:

Ҳошим ГАДОЕВ 10 майи соли 1937 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Соли 1960 дар Москва Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский (ҳоло Институти санъати театрии Русия — ГИТИС) ва соли 1965 Курсҳои олии режиссёрии назди ГИТИСро хатм намудааст. Устодонаш Борис Бибиков ва Олга Пижова буда, дастпарвари устохонаи Артисти халқии СССР Николай Охлопков мебошад.

Ҳошим Гадоев аз соли 1961 инҷониб ҳунарпеша ва коргардони Театри академии драмавии ба номи Лоҳутӣ буда, зиёда аз 100 нақш иҷро кардааст. Ӯ даҳҳо намоиши театриро рӯи саҳна гузоштааст, ки машҳуртаринаш аз рӯи фоҷиаи Софокл «Шоҳ Эдип» буд. Ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ кор кардааст. Ҳошим Гадоев дар филмҳо низ нақш бозидааст. Нақши нахустини ӯ Комил дар филми Дувоздаҳ соати зиндагӣ» (1963, режиссёр Абдусалом Раҳимов) буд. Нақшҳои машҳуртарини ӯ ҷанговар Суҳроб дар филми афсонавии «Рустам ва Суҳроб» (1971, Борис Кимёгаров) ва роҳбари босмачиҳо Муъминбек дар филми «Реги сурх» аз давраи саргузашти таърихии «Сарҳади давлатӣ» ( 1984, Борис Степанов) мебошанд. Дар маҷмӯъ, ҳунарманд дар 20 филм нақш бозидааст. Чанд даҳсола дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М Турсунзода (Душанбе) дарс додааст. Муаллифи якчанд китобҳоеест, ки дар Тоҷикистон нашр шудаанд.

Ҳунарпешаи халқии СССР (1988). Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон (2017).

ДАР АКС: Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҳошим Гадоев баъди ба ӯ супоридани Мукофоти давлатии СССР, 25 декабри соли 1987. Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Бо ордени «Ситораи Президент» (Ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон мукофоти олиест, ки ба арбобони давлатию сиёсӣ, дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои хосса дар назди халқ дар таҳкими сулҳ ва рушди давлатдории тоҷикон, барои хизматҳои махсусан муҳим дар фаъолияти сиёсии давлатию ҷамъиятие, ки ба баланд шудани обрӯи байналмилалии Тоҷикистон мусоидат кардаанд, барои дастовардҳои барҷаста дар иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоӣ, илму фарҳанг, рушди ҷомеа ва раванди иҷтимоӣ, барои хизматҳои махсус ва ватандӯстии баланд дар хизмати давлатӣ ва харбӣ сарафароз  дода мешавад) мукофотонида шудааст.

Барандаи Мукофоти давлатии ИҶШ Точикистон ба номи Рӯдакӣ (1973), Ҷоизаи давлатии СССР дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ (1987).

Доктори фахрии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (Душанбе).

 

Май 10, 2022 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид