«МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ ВА ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ». Доир ба ин мавзӯъ ҳамоиши ҳизбӣ сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 17.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи баргузории давраи бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо иштироки намояндагони Шӯрои амният, Прокуратураи генералӣ, Маркази тадқиқоти стратегӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, маориф ва илм, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар мавзӯи «Манфиатҳои миллӣ ва таҳкими истиқлоли давлатӣ» ҳамоиш доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ иттилоъ доданд, зимни ҳамоиш раиси Кумитаи телевизион ва радио Нуриддин Саид, муовини Прокурори вилояти Суғд Умед Пулодӣ, сардори шуъбаи амнияти шаҳри Панҷакент Сироҷ Сафаров, сардори Раёсати илми Вазорати маориф ва илм Обидҷон Саидзода ва сардори раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Ҳусейн Шокиров доир ба мавзӯъ сухан гуфтанд.
Зикр гардид, ки кумитаҳои иҷроия дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ва ҳамаи аъзои ҳизб бояд манфиатҳои милливу давлатии худро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузошта, саъю кӯшиши хешро барои ободии Тоҷикистони биҳиштосо ва пешрафти давлати соҳибистиқлол равона кунанд. Ин рисолати таърихӣ ва қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ дар шароити ниҳоят ҳассос ва авзои мураккаби сиёсиву низомии ҷаҳони имрӯза бар дӯши ҳамаи мо вазифаҳои пурмасъул ва тақдирсоз мегузорад. Дар шароити кунунӣ мо бояд барои ҳимояи истиқлолу озодии Ватани муқаддасамон ва дастовардҳои таърихии он- сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон ҳамеша омода бошем. Дар пешорӯйи давлати соҳибистиқлоли мо барои солҳои наздиктарин ҳадафҳои бузурги стратегӣ ва сарнавиштсоз қарор доранд ва мо бояд ҳамеша дар андешаи татбиқи амалии онҳо бошем.
ҲХДТ ҳамчун қисми таркибии низоми сиёсии кишвар аз рӯзи нахустини вориди майдони сиёсӣ гардиданаш тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи ҳадафҳои барномавии худ ва бо такя ба масъулиятшиносию неруи зеҳнии аъзои ҳизб ба омили таҳкимбахши раванди созандагиву бунёдкории ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил ёфтааст.
АКС: Маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ








Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид






