Мавзӯи инъикоси масоили иҷтимоӣ дар паёмҳои Пешвои миллат мавриди баррасӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 30.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мутолиа ва дарки муносиби муҳтавои Паёми Пешвои миллат ҳар сокини кишварамонро ба он умедвор менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир зарфияти таваҷҷуҳи худро ба беҳбуд бахшидани зиндагии мардум сол то сол бештар намуда, кафолати ҳаёти осоиштаю сулҳомезро истеҳком мебахшад. Ин нуктаро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода зимни баргузории суҳбати “мизи гирд” дар мавзӯи “Инъикоси масоили иҷтимоӣ дар паёмҳои Пешвои миллат” баён намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС) хабар доданд, дар ҳамоиш мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ва коршиносон ширкат варзиданд.
Хайриддин Усмонзода иброз намуд, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади муҳими стратегиест, ки дар он дастовардҳои асосии замони соҳибистиқлолӣ мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор ёфтаанд.
“Муқоисаи рақамҳои оморие, ки дар Паём барои нишон додани суръати рушди ватанамон дар самти иҷтимоӣ оварда шудаанд, дар замири ҳар фарди ин диёр ҳисси баланди ифтихору масъулият ба вуҷуд меоварад. Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати баландбардории сифати рушди инсониро тавассути татбиқи чорабиниҳои муҳимму самаранок дар бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, иқтисодиёт, маориф, шуғли аҳолӣ, соҳибкории истеҳсолӣ ва ғайра таъкид намуданд. Таъмини иҷрои ин масъала барои ҳамаи мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷамъиятӣ муфассал асоснок карда шуд”,-иброз намуд Х.Усмонзода.
Зикр гардид, ки ҳал намудани мушкилот ва масъалаҳои мавҷудаи ҷавонон, масъалаи маориф ва таълиму тарбия, масъалаи ҷалби онҳо ба омӯзиши илмҳои дақиқ, масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон аз самтҳои асосии фаъолияти давлат дониста шуданд. Дар робита ба ин якчанд дастуру супоришҳое баён гардиданд, ки дар партави онҳо ҳалли масъалаҳои умдаи ба ҳаёти ҷавонон алоқаманд бояд ҳамеша дар мадди назар қарор гиранд. Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромада аст, зарур аст барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Ба гуфтаи Директори МТС Х. Усмонзода, Пешвои миллат такроран хотирнишон сохтанд, ки “хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад. Бинобар ин, падару модарон бояд шароит муҳайё созанд, ки наврасону ҷавонон хонанд, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзанд”.
Дар идомаи ҳамоиш мавзӯъҳои “Инъикоси масоили иҷтимоӣ дар паёмҳои Пешвои миллат”, “Масъалаҳои рушди забон дар партави Паёми Пешвои миллат”, “Муҳоҷират ва таъсири он ба рушди иҷтимоӣ ва некуаҳволии шаҳрвандон”, “Инъикоси масъалаҳои маориф дар паёмҳои Пешвои миллат” ва дигар масъалаҳои қобили таваҷҷуҳ барасӣ карда шуданд.
АКС: Хадамоти матбуотии МТС ҶТ








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд






