Муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ба шаҳри Норак сафари корӣ анҷом дод

Май 20, 2022 10:25

ДУШАНБЕ, 20.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 19 май муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ба шаҳри Нораки вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри мазкур.

Матлубахон Сатториён аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, Маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Дӯконӣ, Маркази таълимии касбомӯзии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Норак, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Норак, беморхонаи марказии шаҳр, китобхонаи марказии шаҳр, Неругоҳи барқи обии «Норак» ва ҷараёни таҷдиду навсозии боғи фарҳангиву фароғатии шаҳр дидан намуд.

Зимни сафари корӣ Матлубахон Сатториёнро муовини Раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, муовини Вазири тандурустӣ Зулфия Абдусаматзода, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Алишер Ализода, муовини Вазири маориф ва илм Шукрулло Хайрзода ва сардори Раёсати маориф ва илми вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода ҳамроҳӣ намуданд.

АКС: МИҲД- и шаҳри Норак

Май 20, 2022 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид