Мутахассисони соҳаи тибби Тоҷикистон ва шаҳри Санкт-Петербурги Русия табодули таҷриба менамоянд

Май 24, 2022 09:25

ДУШАНБЕ, 24.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони соҳаи тибби шаҳри Санкт-Петербурги  Федератсияи Русия аз якчанд муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе дидан менамоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

23 май Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо ноиби губернатори шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Олег Эргашев, ки бо ҳайати гурӯҳаш бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуда, аз ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ кард.

Ноиби губернатори шаҳри  Санкт-Петербург Олег Эргашев зикр кард, ки ӯ ва кормандони муассисаҳои тандурустии  шаҳри мазкур ба Тоҷикистон омадаанд, то бо ҳамтоёни тоҷикашон доир ба самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ, хосатан пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхису табобат табодули таҷриба намоянд.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкории вазорат бо муассисаҳои тандурустии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 24, 2022 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст