Мутахассисони соҳаи тибби Тоҷикистон ва шаҳри Санкт-Петербурги Русия табодули таҷриба менамоянд
ДУШАНБЕ, 24.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони соҳаи тибби шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия аз якчанд муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе дидан менамоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
23 май Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо ноиби губернатори шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Олег Эргашев, ки бо ҳайати гурӯҳаш бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуда, аз ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ кард.
Ноиби губернатори шаҳри Санкт-Петербург Олег Эргашев зикр кард, ки ӯ ва кормандони муассисаҳои тандурустии шаҳри мазкур ба Тоҷикистон омадаанд, то бо ҳамтоёни тоҷикашон доир ба самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ, хосатан пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхису табобат табодули таҷриба намоянд.
Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкории вазорат бо муассисаҳои тандурустии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид






