ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар буда, боридани жола аз эҳтимол дур нест

Май 22, 2022 08:31

ДУШАНБЕ, 22.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 22 май ва шаби 23 майи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар буда, боронҳои дорои хусусияти сел дар минтақаҳои алоҳидаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд бошиддат борида, раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳангоми раъду барқ дар ноҳияҳои алоҳида вазиши шамол бо суръати то 17-22 метр дар як сония шиддат гирифта, дар вилояти Хатлон тӯфони чангу ғубор ба амал меояд, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат (шабона дар шарқи вилоят боришоти сусти барф) меборад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 3+2 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида борон, дар баъзе ноҳияҳо бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 ва дар ноҳияҳои алоҳида бошад бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 ва дар ноҳияҳои алоҳида бошиддатнокии то 15-20 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10+15 дараҷа ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 14+16 дараҷа ва рӯзона 26+28 дараҷа гарм мешавад.

Ба иттилои манбаъ, ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар водиҳо то 10-12 дараҷа паст мешавад. 21-23 май дар минтақаҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Хатлон сар задани зуҳуроти селии дорои хусусияти маҳаллӣ пешгӯӣ мешавад. Дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии каторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ), Вахш, Зарафшон ва Исфара баландшавии якбораи сатҳи об дар назар аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 22, 2022 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад