ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 25.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 25 май дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 3+2 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 9+14 дараҷа ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 14+16 дараҷа ва рӯзона 32+34 дараҷа гарм мешавад.
АКС: Дидор Саъдуллоев








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






