«ОИЛА-ХАЗИНАИ ХУШБАХТӢ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе барномаи идона доир гардид

Май 15, 2022 09:01

ДУШАНБЕ, 15.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар иртибот ба Рӯзи байналмилалии  оила, ки ҳамасола 15 май дар саросари ҷаҳон  ва дар Тоҷикистон  таҷлил мегардад, бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе таҳти унвони «Оила-хазинаи хушбахтӣ» барномаи идонаи фарҳангӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ташкил гардид, иттилоъ доданд дар Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».

Дар маросими ифтитоҳи барномаи идонаи фарҳангӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар  Одилзода зикр намуд, ки “маҳз бо саъю талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси  шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади солимгардонии фазои маънавии оилаҳо, баланд бардоштани тафаккуру андешаи наҷибу асолати оиласолорӣ, ҳифзи ифтихор ба тозагиву муқаддасоти оилавӣ ва баланд бардоштани маърифати оиладорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд”.

Таъкид гардид, ки ташаккул ва рушди оила дар ҷомеа таърихи дуру дароз дошта, дар тамаддуни инсонӣ он ҳамчун ниҳоди таъминкунандаи афзоиши аҳолӣ, василаи муошират ва муносибати иҷтимоӣ ва фазоест, ки арзишҳои умумиинсонӣ, аз қабили муҳаббат, ҳамдигарфаҳмӣ, садоқат, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ дар он ташаккул ёфта, рушд кардаанд. Оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад.

Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрӯзи ҷомеа- бунёди оилаву ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз ба шумор меравад, ки ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт ва ҷараёни инкишофи худи инсон ва рушди ҷомеа вобаста мебошад.

Ҳамзамон дар барномаи идона муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Ғаффорзода оилаҳои ҷавону намунавиро бо Рӯзи байналмилалии оила шодбош гуфт. Зикр шуд, ки инсон, оила ва ҷамъият -ин се мафҳум муҳимтарин фалсафаи ҳаётанд. Ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносии миллӣ-ин ҳама натиҷаи тарбия дар оила аст, чунки маҳз дар оила фарзанд аввалин маротиба мафумҳои Ватан, озодӣ, падар, модар, дин, дӯст доштан, асолати мард ва занро дарк менамояд ва дар ин замина дар пойтахт чорабиниҳои мухталиф барпо мегарданд, ки дар баргузории онҳо саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт  назаррас мебошад.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори  Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Заррина Зуҳурова гуфт, “оилаҳои намунавӣ ва навхонадорон аз ноҳияҳои пойтахт, ки дар чорабинии идонаи фарҳангӣ иштирок намуданд, барои саҳми арзанда дар таълими насли наврас ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ бо ифтихорнома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд”.

Рӯзи байналмилалии оила, ки соли 1993 бо қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ эълон шудааст, ҳамасола 15 май таҷлил мегардад. Мақсад аз таҷлили ин ҷашн- ҷалби таваҷҷуҳи  давлату ҷомеа ба мушкилоти мавҷудаи оила мебошад. Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро

беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Ин аст, ки бо дарназардошти таҳкими фарҳанги оиладорӣ  дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳамчун яке аз рукнҳои тақвияти пояҳои давлатдорӣ ва устувории оилаҳо  соли  2015  аз ҷониби Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон Соли оила эълон гардида буд.

АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Май 15, 2022 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад
Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд
Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба тарзи нави захира кардани меваҷоту сабзавот барои фасли зимистон
«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид
Китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» рӯнамоӣ гардид
Дар Хадамоти иҷро оид ба татбиқи хизматрасониҳои электронӣ машварати омӯзишӣ доир гардид
Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии бехатар баррасӣ шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ ва бехатар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон Даҳаи дастгирии шири модар оғоз гардидааст
«ҲУҚУҚ БА САЛОМАТӢ». Таҳти чунин унвон озмуни байналмилалӣ доир мегардад