Ғолиби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон 2022» дар ноҳияи Шуғнон муайян гардид
ХОРУҒ, 15.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Даври дуюми озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон 2022» миёни омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шуғнон баргузор шуд. Дар даври аввали озмун 18 омӯзгор ширкат намуданд, ки чаҳор нафарашон ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.
Ба гуфти раиси комиссияи озмун Ризо Кабиров, “ҳадафи аслии ин озмун- дарёфти омӯзгори навовару эҷодкор, қадрдонии заҳмат ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгорон мебошад. Дар доираи низомнома довталабон аз рӯи 7 шарти пешниҳодшуда байни ҳам рақобат мекунанд. Дарси конкурсӣ, муаррифии таҷрибаи корӣ, таҳлили дарс аз ҷумлаи шартҳои муҳими ин озмун мебошанд. Ба таври дақиқ матраҳ намудани мавзӯъ, дода тавонистани донишҳои нав ба шогирдон, фаъол будани хонандагон дар дарс ва ҳарчӣ бештар бедор кардани завқи хонандагон нисбат ба илму дониш ва амсоли инҳо ба шарти дарси конкурсӣ дохил мешаванд. Дар баробари ин довталаб бояд дар озмун бо истифода аз маводи таълимӣ-методӣ ва технологияи муосир таҷрибаи инноватсионии худро муаррифӣ намояд. Ба ин васила собит намояд, ки дар касби худ пешсаф аст ва ҳар дарсаш бо усулу услуб ва сабки нав ҷолибу шавқовар мегузарад, аз тафаккури интиқодӣ бархурдор аст ва аз танқиду эродҳои ҳамкасбони худ наҳаросида, барои ислоҳашон саъю талоши бештар мекунад”.
Воқеъбинона арзёбӣ намудани дарс, эҳсос кардани тарафҳои мусбат, камбудиҳои ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо ба шарти дигари озмун, яъне таҳлили дарс мансуб мебошад.
Ҳайати доварон ба ҳар шарти озмун алоҳида баҳо гузошта, қабл аз шарти навбатӣ холҳои довталабонро эълон намуданд.
Бо ҳамин ҷои аввал ва унвони «Омӯзгори соли Тоҷикистон 2022” насиби омӯзгори забони русии муассисаи таълимии рақами як, Ҷамоати деҳоти ба номи Ғарибшо Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон Шаҳноза Туробова гардид. Акнун ин муаллим шарафи омӯзгорони ин ноҳияро дар озмуни вилоятӣ ҳифз хоҳад кард.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд






