ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «KANGAROO». Хонандагони Мактаби президентии Бӯстон сазовори 296 медал шуданд

Май 6, 2022 09:28

ДУШАНБЕ, 06.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони Муассисаи давлатии таҳсилотии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон» дар Олимпиадаи байналмилалии «Kangaroo» (International Kangaroo Mathematics Olympiad 2022) сазовори 296 медал: 73 тилло, 159 нуқра ва 64 биринҷӣ гардиданд, иттилоъ доданд дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар олимпиадаи мазкур, ки аз ҷониби кишвари Фаронса тариқи фосилавӣ баргузор гардид, 1715 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии миқёси вилояти Суғд фаъолона иштирок намуданд. Аз ин шумора 430 нафари онҳоро хонандагони МДТ «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон» ташкил намуд, ки 43 фоизи шумораи умумии хонандагони ин  муассисаро дар бар мегирад.

Муҳассилини Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Бӯстон аз рӯи теъдоди ишғоли ҷойҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ мақоми аввалро касб намуданд.

АКС: Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон

Май 6, 2022 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд