Пагоҳ дар Душанбе даври 4-уми машваратҳои бисёрҷонибаи котибони шӯроҳои амният оид ба масъалаи Афғонистон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 26.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 27 май дар Душанбе даври 4-уми машваратҳои бисёрҷонибаи котибони шӯроҳои амният оид ба масъалаи Афғонистон доир мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дастгоҳи Шӯрои амнияти Тоҷикистон хабар доданд.
Тавре дар Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ доданд, дар назар аст, ки масъалаҳои «вобаста ба вазъ дар Афғонистон, инчунин хатару таҳдидҳо ба кишварҳои минтақа, ки аз қаламрави Афғонистон бармеоянд», баррасӣ шаванд.
Ёдовар мешавем, ки даври 3-юми машваратҳои бисёрҷонибаи котибони шӯроҳои амният оид ба масъалаи Афғонистон 10 ноябри соли 2021 дар Деҳлии Нав — пойтахти Ҳиндустон баргузор гардида буд. Дар он мушовирон оид ба амнияти миллӣ/котибони Шӯрои амнияти миллии Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок доштанд. Тоҷикистонро дар ҷаласа котиби Шӯрои амният Насрулло Маҳмудзода намояндагӣ намуд.
Иштирокчиён вазъи тағйирёбандаи Афғонистон, бахусус дар бахши амниятӣ ва пайомадҳои онро барои минтақа ва ҷаҳон баррасӣ карданд. Ҷонибҳо ба вазъи кунунии сиёсии Афғонистон ва таҳдидҳои терроризм, радикализм, қочоқи маводи мухаддир ва ҳамчунин ба зарурати кумакҳои башардӯстона таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
ДАР АКС: иштирокчиёни даври 3-юми машваратҳои бисёрҷонибаи котибони шӯроҳои амният дар Деҳлии Нав (Ҳиндустон), 10 ноябри соли 2021. Акс: ША ҶТ/АМИТ «Ховар»








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






