ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Бохтар корхонаи коркарди гӯгирд мавриди истифода қарор мегирад
ДУШАНБЕ, 02.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби ҶДММ «Расули Валӣ» дар шаҳри Бохтар корхонаи коркарди гӯгирд мавриди истифода қарор мегирад, ки дар минтақа назир надорад. Корҳои сохтмонӣ дар корхонаи мазкур дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар бахши иқтисоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар.
Айни замон сохтмони корхона ба итмом расида, васлу насби таҷҳизоти корхона, ки аз хориҷӣ мамлакат ворид гардидааст, ҷараён дорад. Дар сурати бо иқтидори пурра ба истифода додани корхонаи мазкур зиёда аз 60 нафар сокинони шаҳри Бохтар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи панҷсолаи рушди саноат ва дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша чорабини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар шаҳр 17 корхонаи саноатӣ сохта ба истифода дода мешаванд.
Тавре мудири бахши иқтисоди шаҳри Бохтар Авзалшоҳ Юсуфзода иттилоъ дод, дар шаҳр минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис гардидааст, ки дар он ба соҳибкорон имконият дода шудааст, ки бо маблағҳои худӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ корхонаҳои саноатӣ бунёд намоянд.
Гуфта шуд, ки айни замон дар шаҳри Бохтар корхонаи коркарди бандубасти маҳсулоти кишоварзӣ низ дар арафаи анҷомёби қарор дошта, он моҳҳои наздик ба истифода дода мешавад.
Айни замон дар корхона марҳилаи дуюми васлу насби таҷҳизоти лозима барои бандубасти маҳсулоти кишоварзӣ ҷараён дорад. Ин корхона тамоми намуди маҳсулоти кишоварзиро безарар ва хуб тоза намуда, ба навъҳои гуногун бандубаст менамояд.
АКС аз манбаи боз








Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид
Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Беш аз 75 фоизи иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид»
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Хоруғ рушди рақамикунонӣ дар низоми энергетикии Бадахшон баррасӣ шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд






