ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Панҷакент маркази дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 17.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи VXI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ ва Солҳои рушди саноат (2022-2026) бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Маркази ҳунарҳои мардумӣ ифтитоҳ гардида, 14 адад мошинаҳои муосири дӯзандагӣ аз номи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ иттилоъ доданд.
Ин иқдом дар ҳошияи баргузории давраи бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гирифта шуд. Дар ин марказ занони хонашин ва камбизоат метавонанд намунаи ҳунарҳои дӯзандагӣ, попурдӯзӣ, гулдӯзӣ, наққошӣ, чакандӯзӣ, атласу адрас, зардӯзӣ, ҷелакдӯзӣ ва тоқиҳои занонаву мардонаро аз худ намоянд.
Мақсад аз кушодани ин марказ дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ ҷалби бонувон ба касбу ҳунаромӯзӣ ва ба ин васила пайдо намудани ҷойи кори муносиб мебошад.
Дар расми ифтитоҳи Маркази ҳунарҳои мардумӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, гурӯҳе аз шунавандагони курси бозомӯзӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигарон ширкат доштанд.
Дар ҷараёни ифтитоҳи Маркази ҳунарҳои мардумӣ намоиши дастовези бонувони корманд, ки дорои сертификати махсусанд, пешкаш гардид. Дар марказ 28 нафар занони хонашин дар ду баст соҳиби ҷойи кори доимӣ шуданд ва дар назар аст, ки барои омӯзонидани занону духтарони деҳаҳои дурдасти шаҳр курсҳо ташкил шаванд.
Муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ иброз намуд, ки баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҳизб ба масъалаи ҷалби занону духтарони соҳибмаърифату болаёқат ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамчун неруи тавоно ва пешбаранда таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад.
Модарону занони ҳунарманд, ки то ин дам фаъолиятро дар хонаҳояшон идома медоданд, аз ифтитоҳи марказ ва шароити хуби корӣ изҳори хушҳолӣ намуда, ба роҳбарияти олии ҳизб ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии доимии занон миннатдорӣ баён карданд.
Чунин марказҳо аз ҷониби ҳизб аллакай дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Хуҷанд, Ҳисор, Кӯшониён, Нуробод ва Рӯшон ифтитоҳ гардиданд.
Маҳз ба шарофати сиёсати дурандешона ва фарҳангпарваронаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои қадимии тоҷикон аз нав эҳёву барқарор гардида, нишондиҳандаи фарҳанги пурғановати халқамон мебошанд. Бонувони кишвар имконият пайдо кардаанд, ки аз имтиёзҳои муқаррарнамудаи давлат ва ҳукумат истифода бурда, ҳунари аҷдодии худро рушд диҳанд ва зиндагиашонро пеш баранд.
Дар назар аст, ки чунин марказҳои ҳунаромӯзӣ бо дастгирии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар дигар шаҳру навоҳии дурдасти мамлакат низ ифтитоҳ гарданд.
АКС: Маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ








Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар соҳаи саноат тақвият медиҳанд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
Дар Тоҷикистон нахустин коргоҳи истеҳсоли ранги хокавӣ барои хатҳои уфуқии роҳҳои мошингард ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара 3 корхонаи саноатиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли равғанро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён ба сохтмони корхонаи нави семент санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти се коргоҳи нави истеҳсолии ҶДММ «Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант ба фаъолияти корхонаи истеҳсолии «Хишти диёр» оғоз бахшиданд
РУШДИ САНОАТ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон беш аз сад корхона ва коргоҳи хурди саноатӣ фаъолият менамояд
Дар вилояти Суғд шумораи корхонаҳои саноатӣ нисбат ба соли 1991 беш аз ҳазор адад зиёд шудааст
Дар Душанбе нахустин Форум ва намоишгоҳи байналмилалии саноати хӯрокворӣ — Тоҷикистон-2026 оғоз ёфт
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи «Ноқили Турсунзода»-ро ифтитоҳ намуданд






