Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Халифа бин Зоид Оли Наҳён аз олам даргузашт

Май 13, 2022 17:27

ДУШАНБЕ, 13.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Халифа бин Зоид Оли Наҳён дар синни 73-солагӣ аз олам даргузашт. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора имрӯз ТАСС бо истинод ба агентии иттилоотии Аморот «WAM» хабар дод.

«Вазорати корҳои президентӣ ба мардуми Амороти Муттаҳидаи Араб, кишварҳои арабӣ ва исломӣ, инчунин ба тамоми ҷаҳон даргузашти пешвои миллат, Президенти давлат, Аълоҳазрат шайх Халифа бин Зоид Оли Наҳёнро эълон мекунад, ки имрӯз, рӯзи ҷумъа, 13 май аз олам даргузашт», — омадааст дар иттилоия.

Дар кишвар мотами миллӣ эълон гардид, ки тибқи изҳорот, он 40 рӯз идома меёбад ва дар ин муддат парчамҳои давлатӣ нимафрохта мешаванд. Ҳамчунин ҳама вазоратҳо, муассисаҳои давлатӣ ва корхонаҳои бахши хусусӣ барои се рӯз баста мешаванд.

АКС: © Abd Rabbo Ammar/ABACA via Reuters Connect

Май 13, 2022 17:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид