Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Май 17, 2022 12:50

ДУШАНБЕ, 17.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим–Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфта, ба ӯ дар татбиқи ҳадафу нақшаҳои бар нафъи мардуми бародари Қазоқистон муайян кардаашон муваффақиятҳои бузург орзу намуданд.

Пешвои миллат ҷараёни инкишофи босуръати муносибатҳои ду кишвар ва таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбари давлати Қазоқистонро ба масъалаҳои таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон таъкид намуданд.

Дар рафти суҳбат ҷанбаҳои алоҳидаи рӯзномаи ҳамкориҳои гуногунсамтаи Тоҷикистону Қазоқистон мавриди муҳокима қарор доштанд.

Май 17, 2022 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд