Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Халқ Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд

Май 11, 2022 13:45

ДУШАНБЕ, 11.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Девони Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Халқ Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедов  доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар оғози мулоқот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедовро ба муносибати оғози фаъолият ба ҳайси Раиси Халқ Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон муборакбод намуда, ба ӯ дуруди бародарона ва таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расониданд.

Зикр гардид, ки имрӯзҳо раванди рушди бомуваффақияти муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Туркманистон дар ҳама арсаҳои ҳамкорӣ маҳз ба шарофати иродаи сиёсии роҳбарияти олии ду кишвар ҷараён дорад.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ибрози итминон доштанд, ки бо саъю талошҳои муштарак сатҳи ҳамкории байнипарламентии ду кишвар низ ба сатҳи шарикии стратегӣ бароварда хоҳад шуд.


Дар вохӯрӣ дурнамои робитаҳои байнипарламентӣ ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо Халқ Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон, инчунин ҷанбаҳои муҳими ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётию транзитӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва масъалаҳои дорои аҳаммияти байналмилаливу минтақавӣ баррасӣ гардид.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳаҷми гардиши мол соли 2021 нисбат ба солҳои пешин се маротиба афзоиш ёфта, ин тамоюл соли ҷорӣ низ нигоҳ дошта шудааст. Дар ин ҷода баланд бардоштани самаранокии кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ аз масъалаҳои афзалиятдор ҳисобида шуд.

Ҳамчунин зикр карда шуд, ки дар бахшҳои энергетика, нақлиёт ва саноат пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд.


Ҷиҳати густариши робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ пешниҳод гардид, ки миқдори бурсияҳои таълимӣ аз ҳарду ҷониб зиёд карда шуда, масъалаи ташкили Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон дар вақтҳои наздик мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Дар робита ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии муштараки мавқеъҳо доир ба масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ғайра изҳор гардид, ки Тоҷикистон ташаббуси роҳбарияти Туркманистонро оид ба таҳияи стратегияи Созмони Милали Муттаҳид, ки ба татбиқи чораҳои энергетикаи камкарбон нигаронида шудааст, дастгирӣ менамояд.

Вобаста ба қазияи Афғонистон таъкид гардид, ки тамоюли мураккабшавии вазъи сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ, инчунин таҳкими мавқеи гурӯҳҳои мухталифи террористиву экстремистӣ дар ин кишвари ҳамсоя ташвишовар аст.

Дар чунин вазъият ҷонибҳо ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти махсусро баҳри муборизаи муштарак алайҳи таҳдидҳои глобалии имрӯза, ба монанди терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар зарур шумориданд.

АКС: Тоҳир САИДОВ/АМИТ «Ховар»

Май 11, 2022 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд