Саъдӣ Каримзода ва Теклу Тесфайе масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 06.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Рушди соҳаи тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ, таъмини тухмиҳои хушсифати ба маҳал мутобиқу ба иқлим тобовар, таъсиси марказҳои агрологистикӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ва дастрасии онҳо ба бозорҳои ҷаҳонӣ, робита миёни истеҳсолкунандагон, коркардкунандагон ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ 4 май зимни мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода бо намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Теклу Тесфайе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре аз шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар мулоқот ҷонибҳо барои ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ дар Тоҷикистон» изҳори миннатдорӣ намуда, зикр доштанд, ки «лоиҳа ба иҷрои ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои қабулшуда, аз ҷумла ба татбиқи барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, консепсияи ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ ва дигар барномаҳои соҳавӣ саҳми назаррас мегузорад».
Гуфта шуд, ки 21 июни соли 2021 Созишнома оид ба маблағгузорӣ барои Лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ дар Тоҷикистон» бо Бонки ҷаҳонӣ ба маблағи грантӣ дар ҳаҷми 58 миллион доллари ИМА барои татбиқ ба имзо расонида шуд. Лоиҳа барои ба тағйирёбиҳо бештар тобовару устувор намудани соҳаи кишоварзӣ, ки асоси иқтисодиёт ва манбаи даромади аҳолии кишвар мебошад, мусоидат карда, дар навбати худ ба суръатбахшию гуногунсозии соҳаи кишоварзӣ, рушди корхонаҳои хусусии хеле хурду миёна дар деҳот ва таъсиси ҷойҳои иловагии корӣ равона гардидааст.
АКС: Вазорати кишоварзии ҶТ








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд






