СОЛИ РАВОН БОРИШИ БАРФ ДАР МАЙХӮРА АЗ МЕЪЁР ЗИЁД БУД. Гузориши хабарнигори АМИТ «Ховар» аз сафари экожурналистон ба ин мавзеъ
ДУШАНБЕ, 21.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бориши барф дар мавзеи Майхӯра соли равон нисбат ба соли гузашта зиёд буда, баландии он 1,30 -1,40 сантиметрро ташкил дод ва дар баъзе мавзеъҳо то ба ду метр мерасид, ки ин аз меъёр зиёд арзёбӣ мегардад.
Ин нуктаро Сардори стансияи барфу тармаи «Майхӯра» Қодир Восидов дар суҳбат ба экожурналистон, ки аз пойгоҳи барфу тармасанҷӣ дар шимоли Тоҷикистон боздид намуданд, баён дошт.
Боздиди намояндагони расонаҳои хабарӣ аз Стансияи барфу тармасанҷии «Майхӯра» ва Стансияи обуҳавосанҷии «Ҳушёрӣ» бо ибтикори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ Ҷамила Байдуллоева сурат гирифта, ҳадафаш шиносоӣ бо ҷараёни фаъолияти ин пойгоҳи барфу тармасанҷӣ ва обуҳавосанҷии кишвар мебошад.
Қодир Восидов афзуд, ки Стансияи барфу тармасанҷии «Майхӯра» дар баландии қариб 2000 метр аз сатҳи баҳр, дар мавзеи ҳамроҳ гардидани оби дарёҳои Майхӯра ва Зиддеҳ, яъне саргаҳи дарёи Варзоб аз соли 1963 инҷониб фаъолият дорад.
Мавсуф гуфт, ки «солҳои охир дар пойгоҳ дастгоҳҳои худкори муосир насб гардидаанд, ки кори мутахассисонро хеле сабук намуданд. Самти фаъолияти пойгоҳи «Майхӯра» ба пеш бурдани корҳои метеорологӣ ва гидрологӣ равона гардидааст. Аз ҷониби мутахассисони пойгоҳ ҳарорати замин, ҳаво, намнокӣ дар ҳар се соат мушоҳида гардида, маълумот ҷамъоварӣ ва ба марказ фиристонида мешавад. Дар самти корҳои гидрологӣ оид ба пастшавӣ ва баланд гардидани ҳаҷми оби дарёҳои Майхӯра ва Зиддеҳ самти ҳаракати об, бориши борон, барф, ҳаракати тарма, обшавии тарма санҷида шуда, маълумот ҷамъоварӣ мегардад ва барои аз хавфи тармафароӣ огоҳ намудани идораҳои гуногун тавассути Агентии обуҳавошиносӣ иттилоъ пешниҳод мегардад. Оби дарёҳои Зиддеҳ ва Майхӯра обҳои пиряхӣ мебошад. Дарёи Майхӯра аз пиряхи Якарча, ки дарозияш 1 км ва паҳноияш 300-400 метрро ташкил медиҳад, сарчашма гирифта, обаш хеле мусаффо ва зулол аст».
Тибқи иттилои сардори Маркази тармасанҷии «Майхӯра», соли равон нисбат ба соли гузашта дар мавзеи Майхӯра бориши барф зиёд ба мушоҳида расида, дар баъзе мавзеъҳо то ба ду метр баробар гардид. Аммо бо сабаби гарм омадани ҳаво дар моҳи апрел барф дар ин мавзеъ зудтар об шуд. Дар ин мавзеъ дар фаслҳои зимистон ва баҳор 32 нуқтаи хавфи фаромадани тарма вуҷуд дорад. Аз 62 км то 74 км –и шоҳроҳи байналмилалии Душанбе –Хуҷанд дар мавсими сармо хавфнок арзёбӣ мегардад, зеро агар дар ин мавзеъ барф аз 15 то 20 см зиёд шавад, хавфи фаромадани тарма ба миён меояд. Инчунин дар моҳи май, ки барф нест, баъзан бо гарм шудани ҳаво аз болои кӯҳҳо пораи тарма, ки онро тармасанҷҳо карниз ҳам меноманд, нишеб гардида, боиси ба вуҷуд овардани ҳавф дар шоҳроҳ мегардад. Ҳавфи фаромадани тарма дар ин масир ба баланд гардидани ҳарорати ҳаво ва бориш рабт дошта, бештар он дар моҳҳои январ, феврал, март ва баъзан дар апрел низ мушоҳида мешавад.
Бо назардошти дорои аҳамияти стратегӣ будани шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ мутахассисони Стансияи барфу тармасанҷии «Майхӯра», хусусан дар фасли зимистон баъд аз боридани барф дар ҳар даҳ рӯз дар 24 км қад-қади дарёи Зиддеҳ қабат ва баландии барф, ҳаҷми тарма ва фаъолияти онро чен менамоянд. Вазифаи асосии пойгоҳи мазкур мушоҳидаи барф ва хавфҳои тармафароӣ, инчунин ҳарорати ҳаво ва миқдори бориш дар мавзеъ мебошад. Дар Тоҷикистон ду адад Стансияи барфу тармасанҷӣ мавҷуданд, ки яктои он дар Майхӯра ва дигараш дар Шуғнон фаъолият доранд.
Зимни сафар хабарнигороне, ки масъалаҳои марбут ба экологияро пайгирӣ менамоянд, бо фаъолияти Стансияи обуҳавосанҷии «Ҳушёрӣ» ва дидбонгоҳи обсанҷӣ шинос шуданд.
Ба иттилои сардори Стансияи обуҳавосанҷии «Ҳушёрӣ» Мирзо Азизов, «стансияи мазкур соли 1945 таъсис дода шуда, алҳол дар он 8 нафар мутахассис фаъолият намуда, бо дастгоҳҳои обченкунӣ таъминанд. Мутахассисон ҳар рӯз соати 8 пагоҳӣ ва бегоҳӣ маълумотро доир ба баланд ё паст гардидани сатҳи оби дарёи Варзоб, хароҷоти он, омадани сел ва хавфи он пешниҳод менамоянд».
Мирзо Азизов афзуд, ки «бо дарназардошти тағйирёбии иқлим ва бориши кам дар солҳои охир ҳаҷми оби дарёи Варзоб кам шудааст. Агар даҳ сол муқаддам оби дарёи Варзоб 115-120 мукааб об дар як сония буд, ҳоло он қариб як баробар коҳиш ёфта, 60 -65 мукааб обро дар як сония ташкил медиҳад. Ҳол он ки солҳои қаблӣ дар моҳи май аз дарёи Варзоб дар ҳаҷми 140-150 мукааб об дар як сония мегузашт. Омили кам гардидани оби дарёи Варзобро мутахассисони гидролог дар обшавии тармаҳо дар иртибот ба тағйирёбии иқлим рабт медиҳанд».
Солҳои қаблӣ дар дараи Варзоб аз 150 то 200 тарма мавҷуд буд ва ҳоло то 50-60 тарма кам шудааст. Зикр шуд, ки ҳангоми фаромадани сел ҳаҷми оби дарёи Варзоб ба 180-200 мукааб об дар як сония баробар мешавад. Соли 1997 сатҳи оби дарёи Варзоб ҳангоми омадани сел 5 метрро ташкил дода буд.
Ҳамзамон хабарнигорон бо сохтор ва фаъолияти Агентии обуҳавошиносии кишвар аз наздик шинос гардида, бо Директори Агентии обуҳавошиносӣ Абдулло Қурбонзода ва мутахасисон вохӯрӣ намуданд. Директори Агентӣ зикр намуд, ки «соли гузашта кормандони Агентии обуҳавошиносӣ соҳиби бинои нав гардиданд ва Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи он иштирок намуданд. Бинои Агентии обуҳавошиносӣ аз 6 ошёна, таҳхона, 71 ҳуҷраи корӣ, се маҷлисгоҳ ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, бо тарҳи муосир бунёд гардида, барои фаъолияти пурсамари кормандон ҳуҷраҳои корӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосиру пешрафта, аз технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ таъмин аст”.
Ҳоло дар Агентии обуҳавошиносии кишвар беш аз 750 корманд фаъолият дошта, дар солҳои истиқлоли давлатӣ мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ дар кишварҳои хориҷӣ такмили ихтисос намуданд. Агентии обуҳавошиносӣ дорои озмоишгоҳ буда, он таҷҳизоти замонавӣ барои гузаронидани санҷишҳои ташхиси обҳои рӯизаминӣ, сифати фазои ҳаво ва санҷишу таъмири асбоби обуҳавосанҷӣ аст. Дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон 3 шуъба, 5 раёсат ва 5 маркази муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири обуҳавосанҷӣ фаъолият дорад. Маркази обуҳавошиносӣ асосан ба омӯзиш ва пешгӯии равандҳои обу ҳаво нигаронида шудааст.
Зикр шуд, ки дар шароити тағйирёбии иқлим бо фароҳам гардидани шароити муосир ва муҷаҳҳаз гардондани бинои нав бо таҷҳизоти муосир кормандони Агентии обуҳавошиносиро водор месозад, ки фаъолияти пурсамарро роҳандозӣ намуда, барои пешгӯӣ, огоҳии вазъи обу ҳавои кишвар ҳамарӯза ба аҳолӣ ва идораҳои давлатӣ маълумоти саҳеҳу саривақтӣ пешниҳод намоянд, зеро рушду пешрафти соҳаҳои иқтисодиёти кишвар ба маълумоти обуҳавошиносон сахт ниёз дорад. Алҳол дар ҷумҳурӣ 54 шабакаи давлатии обуҳавосанҷӣ, 96 дидбонгоҳи обченкунӣ, 21 нуқтаи ченкунии сифати фазои ҳаво фаъолият мекунанд.
Марзия САИДЗОДА,
Душанбе-Ҳушёрӣ –Майхӯра-Душанбе
АКС: АМИТ «Ховар»