ТАСС: Низомиёни ФР 127 шаҳрванди Русия, Украина, Тоҷикистон ва дигар кишварҳоро аз вилояти Херсон ба ҷои амн кӯчониданд
ДУШАНБЕ, 13.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Низомиёни Русия аз вилояти Херсон 127 нафар шаҳрвандони Федератсияи Русия, Украина, Тоҷикистон ва дигар кишварҳоро ба ҷойҳои амн кӯчониданд. Дар ин бора ба хабарнигорон вазорати мудофиаи Русия иттилоъ додааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
«Аз вилояти Херсон низомиёни Русия интиқоли бехавфи 127 нафар шаҳрвандони Русия, Сурия, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Украинаро ба ҳудуди Федератсияи Русия ташкил намуданд», — иттилоъ доданд дар мақомоти низомӣ.
Шаҳрвандон дар автобусҳо, бо мошинҳои шахсӣ дар ҳайати колоннаҳои автомобилӣ раҳсипор гардида, ҳангоми ҳаракат ба қаламрави Федератсияи Русия бехатарии онҳоро низомиён таъмин намуданд. «Ташкили ба ҷойҳои амн кӯчонидани шаҳрвандони хориҷӣ тибқи муроҷиати сафоратхонаҳо дар бораи мусоидат дар таъмини бехатарии интиқоли шаҳрвандони онҳо аз қаламрави Украина ва инчунин дар асоси аризаҳо, ки ба комендатураи низомии Русия дар Херсон ирсол шудаанд, идома дорад», — иттилоъ доданд дар Вазорати мудофиаи Русия.
Аз мақомот тавзеҳ доданд, ки шурӯъ аз оғози амалиёти махсус хизматчиёни низомӣ барои берун овардани ҳудуди 700 нафар шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ дар Қрим аз вилояти Херсон кумак кардаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






