ТАСС: Низомиёни ФР 127 шаҳрванди Русия, Украина, Тоҷикистон ва дигар кишварҳоро аз вилояти Херсон ба ҷои амн кӯчониданд

Май 13, 2022 11:37

ДУШАНБЕ, 13.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Низомиёни Русия аз вилояти Херсон  127 нафар шаҳрвандони Федератсияи Русия, Украина, Тоҷикистон ва дигар кишварҳоро  ба ҷойҳои амн кӯчониданд. Дар ин бора ба хабарнигорон вазорати мудофиаи Русия иттилоъ додааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

«Аз вилояти Херсон низомиёни Русия интиқоли бехавфи 127 нафар шаҳрвандони Русия, Сурия, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Украинаро  ба  ҳудуди Федератсияи Русия ташкил намуданд», — иттилоъ доданд дар мақомоти низомӣ.

Шаҳрвандон дар автобусҳо, бо мошинҳои шахсӣ дар ҳайати колоннаҳои автомобилӣ раҳсипор гардида, ҳангоми ҳаракат ба қаламрави Федератсияи Русия бехатарии онҳоро низомиён таъмин намуданд. «Ташкили ба ҷойҳои амн кӯчонидани шаҳрвандони хориҷӣ тибқи муроҷиати сафоратхонаҳо дар бораи мусоидат дар таъмини бехатарии интиқоли шаҳрвандони онҳо аз қаламрави Украина ва инчунин дар асоси аризаҳо, ки ба комендатураи низомии Русия дар Херсон ирсол шудаанд, идома дорад», — иттилоъ доданд дар Вазорати мудофиаи Русия.

Аз мақомот тавзеҳ доданд, ки шурӯъ аз оғози амалиёти махсус хизматчиёни низомӣ барои берун овардани ҳудуди 700 нафар шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ дар Қрим аз вилояти Херсон кумак кардаанд.

    АКС аз манбаъҳои боз

Май 13, 2022 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар сарҳади ҷанубии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд
Дар конфронси байналмилалӣ масъалаи ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ баррасӣ мегардад
Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар Машварати навбатии вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Вазири адлияи Тоҷикистон дар ҷаласаи нуздаҳуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
АРТИШИ МИЛЛӢ НА ТАНҲО ҚУДРАТИ ҲАРБӢ, БАЛКИ РАМЗИ ВАҲДАТ АСТ. Андешаҳои Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии 20-уми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ дар Пекин иштирок намуд
Қочоқи калони маводи мухаддир дар сарҳад бо Афғонистон пешгирӣ карда шуд
Дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ қочоқи беш аз 90 кг маводи мухаддир пешгирӣ гардид
Дар Хатлон гурӯҳи ҷиноятии фаромиллӣ бо 102 кг маводи нашъаовар дастгир шуд
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Кумитаи Котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СААД ва Вохӯрии дуюми Котибони шуроҳои амнияти Осиёи Марказӣ-Русия иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи амнияти САҲА дар Вена иштирок намуд
Дар шаҳри Турсунзода 70 кг маводи нашъаовар мусодира карда шуд