Тоҷикистонро дар Ҷоми Осиё-2022 оид ба дзюдо миёни наврасон ва ҷавонон 13 нафар варзишгарон намояндагӣ мекунанд

Май 11, 2022 10:44

ДУШАНБЕ, 11.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз  13 то 15 май дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон мусобиқаи қоравии дзюдо —  Ҷоми Осиё миёни наврасон ва ҷавонон (Cadets & Juniors Asian Judo Cup Almaty 2022) ба хотири ходими намоёни варзиши қазоқ Бакет Махмутов доир мегардад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.

Сабқатҳо миёни наврасон 13-14 май, байни ҷавонон 14-15 май баргузор мешаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 13 варзишгар муаррифӣ мекунанд.

Барномаи баргузорӣ:

Наврасон:

12 май | панҷшанбе

16:00 – Қуръакашӣ

Рӯзи 1 | 13 май | ҷумъа

Оғоз:  09:00 – 15:30

Даври муқаддамотӣ, тасаллобахш ва мубориза барои нишони биринҷӣ

Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00 — 16:30

Занон: -40kg,-44kg,-48kg,-52kg,-57kg

Мардон: -50kg,-55kg,-60kg,-66kg, -73kg

Рӯзи 2 | 14 май | шанбе

Оғоз:  09:00 – 15:30

Даври муқаддамотӣ, тасаллобахш ва мубориза барои нишони биринҷӣ

Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00 — 16:30

Занон: -63kg, -70kg,+70kg

Мардон: -81kg, -90kg, +90kg

Ҷавонон:

12 май | панҷшанбе

16:00 – Қуръакашӣ

Рӯзи 1 | 14 май | шанбе

Оғоз:  09:00 – 15:30

Даври муқаддамотӣ, тасаллобахш ва мубориза барои нишони биринҷӣ

Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00 — 16:30

Занон: -48kg, -52kg

Мардон: -60kg, -66kg

Рӯзи 2 | 15 май | якшанбе

Оғоз:  09:00 – 16:00

Даври муқаддамотӣ, тасаллобахш ва мубориза барои нишони биринҷӣ
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00

Занон: -57kg, 63kg, -70kg, 78kg +78kg

Мардон: -73kg, -81kg, -90kg, 100 kg, +100kg

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқа байни наврасон 300 варзишгар (197 мард ва 103 зан) аз 6 кишвари қора, байни ҷавонон 239 варзишгар (153 мард ва 86 зан) аз 6 кишвари қора ширкат меварзанд.

АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон

Май 11, 2022 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард