ҚУРБИ АСЪОР 1 доллари ИМА аз 12.4950 то 12.7000 сомонӣ муқаррар шудааст
ДУШАНБЕ, 17.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА — 12.4950 сомонӣ;
1 евро – 13.0198 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1660 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 12.4950 то 12.7000 сомонӣ;
1 евро аз 13.0198 то 12.0000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1660 то 0.1690 сомонӣ.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».