Вазорати маориф ва илм барои қабули омӯзгорону хонандагон ба муассисаҳои Русия ва Тоҷикистон озмун эълон менамояд
ДУШАНБЕ, 10.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули омӯзгорон ва хонандагони (синфҳои 1-8) ба муассисаҳои давлатии буҷетии таҳсилоти миёнаи умумии муштараки Русия-Тоҷикистон бо омӯзиши амиқи фанҳо (таълимашон ба забони русӣ) дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода озмун эълон менамояд.
Тавре дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд, довталабон ё омӯзгорон метавонанд ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе- шуъбаҳои маорифи шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода ҳуҷҷатҳои зеринро барои иштирок дар озмун то 24 майи соли 2022 пешниҳод намоянд.
Вазорати маориф ва илм инчунин барои қабули хонандагони (синфҳои 1-8) муассисаҳои давлатии буҷетӣ таҳсилоти миёнаи умумии муштараки Русия-Тоҷикистон бо омӯзиши амиқи фанҳо (таълимашон ба забони русӣ) дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода озмун эълон менамояд, ки қабули ҳуҷҷатҳо ба он то 28 майи соли 2022 идома меёбад.
Омӯзгорон ё довталабон бояд ба чунин талабот ҷавобгӯ бошанд:
— доштани шаҳрвандии Русия ё Тоҷикистон;
— донистани забонҳои русӣ ва тоҷикӣ, таърих ва фарҳанги халқҳои Русия ва Тоҷикистон;
— донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи маориф;
— доштани маҳорату малакаи истифодаи технологияи иттилоотии муосир;
— донистан ва истифодаи усулҳои муосири таълим;
— хушмуомилагӣ бо хонандагон ва падару модар.
Довталабон метавонанд ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе- шуъбаҳои маорифи шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода ҳуҷҷатҳои зеринро барои иштирок дар озмун то 24 майи соли 2022 пешниҳод намоянд:
-ариза оид ба иштирок дар озмун;
-нусхаи диплом;
-нусхаи шиноснома;
-маълумотнома аз ҷойи кори охирин;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;
-маълумотномаи тиббӣ;
-расм (3х4) 4 дона.
Хонандагон бояд барои дар озмун иштирок намудан чунин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намоянд:
-ариза оид ба иштирок дар озмун;
-нусхаи шиноснома;
-маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
-маълумотномаи тиббӣ;
-расм (3х4) 4 дона.
Хуҷҷатҳои довталабон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ омода карда мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид






