Дар Боку машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор гардиданд

Июнь 11, 2022 12:33

ДУШАНБЕ, 11.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9 июн дар шаҳри Боку даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳайатҳои тарафҳоро муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Озарбойҷон Содиқ Имомӣ ва Халаф Халафов роҳбарӣ карданд.

Зимни машваратҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, энергетика, нақлиёт ва фарҳанг ва тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии Тоҷикистон ва Озарбойҷон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Гузашта аз ин, роҷеъ ба таҳкими ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн гуфтугӯи созанда сурат гирифт.

Ҷонибҳо ҳамчунин ҷараёни иҷрои тадбирҳои марбут ба таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷонро баррасӣ намуданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Июнь 11, 2022 12:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо вазири авқофи Кувайт мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид