Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 сентябр дар Қасри Ас-Саломи шаҳри Бағдод мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ Зубайдулло Зубайдзода бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ Низор Муҳаммад Саид Омидӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон хабар доданд.
Зимни мулоқот Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон саломи самимӣ ва паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Ироқ расонида, таъкид намуд, ки Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва рушди ҳамкории мутақобили судманд бо Ироқ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Ироқ, инчунин роҳҳои густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.
Дар ин замина, зарурати таҳкими робитаҳо байни ниҳодҳои давлатӣ, тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва истифодаи имконияти мавҷуда ҷиҳати рушди муносибатҳои дуҷониба таъкид гардид.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии мамлакати худро барои идомаи муколамаи созанда ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистону Ироқ изҳор намуд.
Дар фарҷоми мулоқот Президенти Ҷумҳурии Ироқ муҳтарам Низор Муҳаммад Саид Омидӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломи самимӣ ва таманниёти нек расонида, ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти хешро иброз дошт.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон








Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд
Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд






